Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамсолаш-Владимир Путин занг зад

© Flickr / Сайт президента РТПрезидент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро бо зодрӯзаш табрик кард. Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имсол 65 сола шуданд

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, рӯзи 7 октябр Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар рафти суҳбат, Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози беҳтарин таманниёт Владимир Путинро ба муносибати 65-солагиаш сидқан табрик намуданд.

"Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба обрӯ ва эътибори баланди Владимир Путин дар паҳнои Русия ва берун аз ҳудуди он ишора карда, нақши муассири ӯро дар раванди рушди бемайлони муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи миёни Тоҷикистон ва Русия ба таври хоса таъкид кард", — омадааст дар хабарнома.

Зиндагиномаи Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон 65-сола шуд

Қайд гардид, ки талошҳои муштараки ҳадафманд ба хотири таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия ҷавобгӯи манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар буда, омили муҳими суботу амнияти минтақа мебошад.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи як қатор масъалаҳои умдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва дорои хусусияти байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мубодилаи афкор анҷом доданд.

Қаблан сарвари давлати Тоҷикистон унвонии Владимир Путин барқияи табрикотӣ ирсол кардааст.

Ду рӯз пеш рӯзи 5 октябр Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш шодбош гуфта буд.

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии Кремл, раисҷумҳури Русия Владимир Путин барои Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни зодрӯзаш паёми шодбош низ ирсол карда, ки дар он гуфта мешавад:

"Дар муддати раёсат Шумо тавонистед сулҳу созишро дар кишвар барқарор кунед, арҷгузории ҳамватанон ва обрӯи баланд дар хориҷ аз кишвар ба даст оваред. Бо раҳбарии Шумо Тоҷикистон дилпурона ба сӯи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ роҳ паймуда, дар ҳалли масоили рӯзмарраи минтақаӣ фаъолона ширкат мекунад".

© Sputnik / Сергей Субботин / Гузаштан ба хазинаи аксЭмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
1/5
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
© Flickr / Сайт президента РТЭмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
2/5
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузаштан ба хазинаи акс14 апрели 2017дар Бишкек. Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
3/5
14 апрели 2017дар Бишкек. Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
© Flickr / Сайт президента РТЭмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
4/5
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
© Flickr / Сайт президента РТЭмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
5/5
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
1/5
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
2/5
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
3/5
14 апрели 2017дар Бишкек. Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
4/5
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
5/5
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала