Дар ВМКБ беҳтарин милисаҳои футболбозро муайян карданд

© Фото : Аз равобити умумии ВУД ҶТҶамъбасти мусобиқаҳо дар ВМКБ
Ҷамъбасти мусобиқаҳо дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Дар ВМКБ барои дарёфти Ҷоми вазири корҳои дохилии ҶТ оид ба футбол байни кормандони ҳифзи ҳуқуқ сабқати футбол гузаронида шуд

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУД ҶТ, рӯзи ҳафтуми октябр дар ВМКБ маросими ҷамъбаст ва тӯҳфасупорӣ ба дорандаи Ҷоми вазири корҳои дохилӣ оид ба футбол баргузор шуд.

Муовини якуми вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдураҳмон Аламшо ҳамаи варзишгаронро барои нишон додани маҳорати баланди варзишӣ, аз номи Рамазон Раҳимзода табрик намуда, барои ишғол намудани ҷойҳои намоён дастаҳои бозингаронро бо медалҳо, сипоснома, ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонид.

Ҷойи якум ва ғолиби мусобиқаи варзишӣ дар мусобиқаи футбол дастаи Ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ гирифта, сазовори ҷоизаи Ҷоми вазири корҳои дохилӣ гардиданд, ҷойи дуюм насиби дастаи Шъубаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ ва ҷойи сеюм ба дастаи КДАМ дар ВМКБ соҳиб гардиданд.

© Фото : Аз равобити умумии ВУД ҶТҶамъбасти сабқатҳои варзишӣ дар ВМКБ
Ҷамъбасти сабқатҳои варзишӣ дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
1/4
Ҷамъбасти сабқатҳои варзишӣ дар ВМКБ
© Фото : Аз равобити умумии ВУД ҶТСабқати шоҳмот дар ВМКБ
Сабқати шоҳмот дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
2/4
Сабқати шоҳмот дар ВМКБ
© Фото : Аз равобити умумии ВУД ҶТҶамъбасти сабқатҳои варзишӣ дар ВМКБ
Ҷамъбасти сабқатҳои варзишӣ дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
3/4
Ҷамъбасти сабқатҳои варзишӣ дар ВМКБ
© Фото : Аз равобити умумии ВУД ҶТҶамъбасти сабқатҳои варзишӣ дар ВМКБ
Ҷамъбасти сабқатҳои варзишӣ дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
4/4
Ҷамъбасти сабқатҳои варзишӣ дар ВМКБ
1/4
Ҷамъбасти сабқатҳои варзишӣ дар ВМКБ
2/4
Сабқати шоҳмот дар ВМКБ
3/4
Ҷамъбасти сабқатҳои варзишӣ дар ВМКБ
4/4
Ҷамъбасти сабқатҳои варзишӣ дар ВМКБ

Дарвозабони беҳтарин, прапоршики ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят Сафо Саидмансуров эълон карда шуда бо ифтихорномаи Вазири корҳои дохилӣ қадридонӣ шуд.

Дар чорабинии варзишӣ инчунин ба дарвозабони беҳтарин, ҳамлагари беҳтарин, муҳофизатгари беҳтарин, ва доварони ин мусобиқа бо сипоснома ва тӯҳфаҳо қадридонӣ гардонида шудаанд.

Ба роҳбарон ва сардорони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят низ барои ташаббус, саҳмгузорӣ ва иштирок дар бозиҳои варзишӣ аз номи Раҳимзода Рамазон тӯҳфаҳои хотиравию арзишнок тақдим карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала