Дар Тоҷикистон либоси ягонаи тиббӣ танзим ва тасдиқ шуд

© SputnikОткрытие военного госпиталя 451 МО РФ в Таджикистане
Открытие военного госпиталя 451 МО РФ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раёсатҳои тандурустии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, ректорон ва директорони муассисаҳои таълимии тиббӣ, директорони пажӯҳишгоҳҳо вазифадор гардидаанд, ки кормандони худро бо либосҳои ягонаи тиббии тасдиқгардида таъмин намоянд

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардани сару либоси ягонаи тиббии кормандони муассисаҳои тандурустӣ либоси ягонаи кормандони ин ниҳодро тасдиқ намудааст. 

Ба гузориши равобити умумии вазорат, иқдоми мазкур дар  асоси супориши протоколи ҷаласаи машваратии назди Ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Адуҷаббор Раҳмонзода, тибқи банди 10-и Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, роҳандозӣ гардид.

"Дар асоси ин иқдом сардорони раёсатҳои тандурустии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, ректорон ва директорони муассисаҳои давлатии таълимии тиббӣ, директорони пажӯҳишгоҳҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, сартабибони беморхонаҳои марказии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ вазифадор гардидаанд, ки  кормандони худро бо либосҳои ягонаи тиббии тасдиқгардида таъмин намоянд", — омадааст дар хабарнома.

Мнбаъ меафзояд, ки иҷрои супориши мазкур зери назорати қатъии роҳбарияти Вазорати тандурустӣ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0