Намояндагони БОР ба БМТ: пешниҳодатонро ба роҳбариятамон мерасонем

© SputnikНациональный банк республики Таджикистан. Архивное фото
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳамтоёнашон аз Бонки осиёии рушд дидор ва мулоқот кардаанд

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии БМТ, рӯзи 5 октябр дар ин ниҳод млоқоти муовини якуми раиси бонк Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони Бонки Осиёгии рушд дар ҳайати муовини сархазинадори Департаменти хазинадории БОР ҷаноби Казуки Фукунага ва сармутахассиси Департаменти хазинадории БОР ҷаноби Раҷеш Поддар доир гардид.

Ба иттилоъи манбаъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо як қатор масъалаҳои муҳимми ҳамкорӣ, аз ҷумла имконоти иловагии интихоби минбаъдаи қарзҳои имтиёзнок, пешниҳоди роҳҳои беҳтар намудани идораи хавфи асъорӣ ва банақшагирии молиявии қарзҳои имтиёзнок барои Тоҷикистонро муҳокима кардаанд.

Деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
БМТ нархи расмии арзҳоро муқаррар кард

Сармутахассиси Департаменти хазинадории БОР Раҷеш Поддар аз сиёсати нави маблағгузорӣ таҳти унвони "Интихоби иловагии асъор барои маблағгузории имтиёзнок"-ро ба ҳозирин муаррифӣ кард.

Мувофиқи сиёсати нави маблағгузории БОР қарзгирандагон аз 1 январи соли 2017 ба ғайр аз СПЗ ҳамчун асъори уҳдадорӣ метавонанд аз воҳидҳои асъории зерин, аз ҷумла доллари ИМА, йени ҷопонӣ, юани хитоӣ, евро ва фунт стерлинги бритониро то лаҳзаи анҷоми музокироти расмӣ интихоб намоянд.

Ҷамолиддин Нуралиев имкони доир намудани амалиётҳои СВОП, гузаронидани тадқиқотҳо ҷиҳати гузариш ба ҳадафгирии таваррумӣ, инчунин кӯмаки техникӣ изҳори таваҷҷуҳ кардааст.

© Фото : Аз равобити умумии БМТДидори намояндагони Бонки миллӣ бо кормандони БОР
Дидори намояндагони Бонки миллӣ бо кормандони БОР - Sputnik Тоҷикистон
Дидори намояндагони Бонки миллӣ бо кормандони БОР

"Нуралиев бахусус диққати ҳайати Бонки Осиёгии рушдро ба маблағгузории низоми бонкии кишвар равона намуд, ки айни замон дастгирии бонкҳои ҷумҳурӣ зарур арзёбӣ мегардад", — омадааст дар хабарнома.

Ҳайъати намояндагони Бонки Осиёгии рушд изҳор доштанд, ки пешниҳодҳои аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон баррасишударо ба роҳбарияти Дафтари асосии (штаб-квартира) Бонки Осиёгии рушд мерасонанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала