Вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистон ва Русия ройзанӣ баргузор карданд

© Фото : МИД РТЗам. МИДа РТ Махмадшарифа Хакдода и Статс-секретарь – Зам. МИДа РФ Григорий Карасин
Зам. МИДа РТ Махмадшарифа Хакдода и Статс-секретарь – Зам. МИДа РФ Григорий Карасин - Sputnik Тоҷикистон
Муовинҳои вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Русия дар бораи масоили муҳими ҳамкориҳои ду кишвар ройзанӣ карданд

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Муовини вазири умури хориҷии ҶТ Муҳаммадшариф Ҳaқдод ва ҳамтои русияш Григорий Карасин дирӯз дар Маскав дидор ва ройзанӣ карданд.

Представители высших государственных чинов королевства Саудовская Аравия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВУХ: Робитаҳои динии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баррасӣ шуданд

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии ВУХ Русия, дар ин ройзанӣ миёни вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистон ва Русия масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуда ва ҳамчунин дар бораи вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ табодули афкор сурат гирифт.

Муҳаммадшариф Ҳақдод ва Григорий Карасин ҷадвали ройзаниҳо ва барномаҳои омӯзишӣ ва фарҳангии ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду кишварро ҳамоҳанг карданд.

Дар ин дидор ҳамчунин масоили иртибототи минтақаӣ ва беҳбуди равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ миёни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала