Шаҳрдори пешини Душанбе муттаҳам ба қатли имом-хатиб мешавад

© Фото : ЦОС ФСБ РФ / Гузариш ба медиабонкЗадержание, архивное фото
Задержание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷамолиддин Мансуров, ки солҳо пеш раиси ноҳияи Ҳисор, фармондеҳи Фронти халқӣ, шаҳрдори Душанбе, муовини нахуствазир ва муовини раиси маҷлиси қонунгузори Тоҷикистон буд, муттаҳам ба қатли Раҳмон Сафаралиев, имом-хатиби пешини масҷиди Ҳисор шудааст

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ҷамолиддин Мансуров ба иттиҳоми куштани Раҳмон Сафаралиев дар соли 1992 боздошт шуд, хабар медиҳад хабаргузории ТоҷикТА.

Бино бар ин гузориш, Бурҳон Сафаралиев — писари Раҳмон Сафаралиев, ки Ҳоҷӣ Абдураҳмон ҳам хонда мешуд, Ҷамолиддин Мансуровро муттаҳам ба қатли падараш дар соли 1992 карда аст.

Памир, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Куштор дар ВМКБ: ҷавоне хешовандони бародарашро тирборон кард

Чанде пеш кормандони додситонӣ ва нерӯҳои интизомии ноҳияи Ҳисор бо дархости Бадриддин Сафаралиев, писари дигари Ҳоҷӣ Абдураҳмон, гӯри ӯро кушода, бозмондаҳояшро барои баррасӣ берун овардаанд.

Додситонии ноҳияи Ҳисор гуфта, ки Ҷамолиддин Мансуров ба иттиҳоми куштори Раҳмон Сафаралиев боздошт ва бозпурсӣ шудааст.

Ба гуфти фарзандони Ҳоҷӣ Абдураҳмон, вай дар оғози солҳои 1990-ум ҳамзамон бо имомати ҷамоат дар масҷиди Ҳисор дар Идораи обу корези ноҳия низ кор мекардааст. Дар моҳи декабри 1992 ӯро ба ситоби Фронти халқии ноҳияи Ҳисор хонда ва ҳамонҷо куштаанд. Фарзандони ӯ гуфтаанд, ки дар куштори падарашон ба ҷуз Ҷамолиддин Мансуров, ҳамчунин собиқ сардори бахши бозҷӯии ҷиноии Шуъбаи ВУД Ҳисор Баҳром Сувонов, собиқ муовини фармондеҳи Фронти халқӣ Лутфулло Рӯзиев ва муовини сардори боздоштгоҳи муваққати Шуъбаи ВУД Ҳисор Камолиддин Бурҳонов низ даст доранд.

Ҷамолиддин Мансуров соли 1951 дар деҳаи Қипчоқ аз рустоҳои Ҳисор зода шудааст. Вай дар соли 1973 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба поён бурда ва корманди бахши иқтисоди Кумитаи иҷроияи ноҳияи Ҳисор шудааст. Дар солҳои 1979 то 1984 масъули Кумитаи Ҳизби комунисти Тоҷикистон буда ва сипас ду сол раёсати колхози "Дӯстӣ" дар ноҳияи Ҳисорро бар уҳда доштааст.

Пас аз соли 1986 Ҷамолиддин Мансуров дубора масъули Ҳизби комунист шуда, аз ҷумла то соли 1993 раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи Ҳисор, то соли 1994 раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе — шаҳрдор ва то соли 2000 муовини нахуствазири Тоҷикистон дар умури кишоварзӣ ва сипас муовини раиси маҷлиси қонунгузори Тоҷикистон будааст. Вай соли 2005 бознишаста шуд.

Лентаи хабарҳо
0