Вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу Тоҷикистон меравад

© Фото : Пресс-служба Минобороны РФ / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр обороны РФ Сергей Шойгу, архивное фото
Министр обороны РФ Сергей Шойгу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нишасти Шурои вазиони дифоъи кишварҳои узви Иттиҳодияи давлатҳои мустақил 12 октябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Вазири дифоъи Русия артишбад Сергей Шойгу 11 октябр ба шаҳри Душанбе сафар мекунад.

Ба иттилоъи равобити умумии Вазорати дифоъи ҶТ, артишбад Шойгу дар нишасти Шурои вазирони дифоъи кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил ширкат хоҳад кард, ки 12 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Министр внутренних дел Узбекистана Абдусалом Азизов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз 20 сол: вазирони дифоъи Тоҷикистону Узбакистон нахустин бор дидор мекунанд

Вазирони дифоъи кишварҳои ҳамсуд дар ин нишаст масоили марбут ба таъмини амният дар марзҳои ҷанубии ин иттиҳодияро дар паи шиддат гирифтани буҳрони сиёсӣ ва низомӣ дар Афғонистон ва кишварҳои Ховари Наздикро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар ин нишаст вазирони дифоъи Русия, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбакистон, Озарбойҷон, Арманистон, Укроин ва Молдова ширкат хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала