Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони дифоъи кишварҳои ҳамсуд дидор кард

© Фото : пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча президента Таджикистан Эмомали Рахмона с министрами обороны стран СНГ
Встреча президента Таджикистан Эмомали Рахмона с министрами обороны стран СНГ - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Душанбе бо вазирони дифоъи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дидор кард, ки дар Ҷаласаи Шурои вазирони дифоъ ширкат мекунанд

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ба гузориши дафтри иттилоърасонии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи кори 25-солаи Шурои вазирони дифоъ, ки фаъолияти он ба рушди равобити бисёрҷонибаи ҳамкории низомӣ равона гардидааст, қаноатмандӣ изҳор намуда таъкид кард, ки дар ин муддат бо истифода аз таҷрибаи ғании андӯхта заминаи мустаҳками ҳамгироӣ таъсис ёфта, корҳои назаррасе анҷом дода шудааст.

Президент РТ Эмомали Рахмон в Сочи - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои Тоҷикистон дар давраи раёсат дар ИДМ-ро тавзеҳ дод

Дар ҷараёни мулоқот тақвияти ҳамкориҳои низомӣ-фаннӣ ва амниятиву дифоъӣ дар чорчӯби иҷрои Роҳкори ҳамкориҳои низомӣ-фании кишварҳои ҳамсуд барои давраи то соли 2020 ва Барномаи панҷсолаи ҳамкорӣ дар таҳкими амнияти марзӣ махсус таъкид гардид.

Ҳамзамон дар ин мулоқот бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи таъмини амнияту субот дар Афғонистон, таҳкими иқтидорҳои марзбонӣ, мубориза бо теруризму ифротгароии байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар табаҳкориҳои созмонёфтаи фаромиллӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Ёдовар мешавем, ки раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018 ба Тоҷикистон вогузор шуда ва дар ин бора дар ҷаласаи навбатии Шурои Сарони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Сочӣ қарор қабул карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала