Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Эрон сафар мекунад

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Владимир Путин барои ширкат дар нишасти сеҷониба бо раисҷумҳурҳои Эрон ва Озарбойҷон ба Теҳрон сафар мекунад

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Раисҷумҳур Владимир Путин барои ширкат дар нишасти сеҷонибаи Русия, Эрон ва Озарбойҷон ба Теҳрон сафар хоҳад кард.

Ин хабарро ёвари раисҷумҳури Русия дар умури сиёсати хориҷӣ Юрий Ушаков эълом кард. Вай аз эъломи торихи дақиқи сафари Путин худдорӣ кард, вале гуфт, ки он то поёни имсол сурат хоҳад гирифт.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва раисҷумҳури Эрон Ҳасан Руҳонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Руҳонӣ ба Путин: ҳамалоти Амрико ба Сурия, танҳо кумак ба теруристҳо буд

Аммо дертар сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков эълом кард, ки Владимир Путин рӯзи 1 ноябр ба Эрон сафар хоҳад кард.

Нахустин нишасти сеҷонибаи ин кишварҳо моҳи августи соли 2016 дар Боку баргузор шуда буд. Дар он нишаст Владимир Путин бо Ҳасан Руҳонӣ ва Илҳом Алиев роҳҳои густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои иқтисодӣ, амнияти минтақа ва роҳандозии роҳрави таробарии "Шимол — Ҷануб"-ро баррасӣ карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0