ВУД: марде дар Варзоб гулӯи ҳамсарашро буриду манзилашро оташ зад

© Sputnik / Игорь Агеенко / Гузариш ба медиабонкЛесной пожар, архивное фото
Лесной пожар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гумонбаршуда пас аз ҷанҷол бо ҳамсар бо корд занро захмӣ мекунад ва сипас манзили истиқоматиашро оташ мезанад

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки марде дар Варзоб  гулӯи ҳамсарашро бупруда, сипас манзили истиқоматиашро оташ задааст.

Бино бар иттилои манбаъ, гумонбаршуда пас аз ҷанҷол бо ҳамсар, дар сари қаҳр гулӯи занро мебурад ва сипас манзили истиқоматиашонро оташ мезанад.

Дар натиҷаи сӯхтор молу ашёҳои хона дар масоҳати 120-метри мураббаъ сӯхта нобуд шудааст. Зарари расонидашуда 35000-сомониро ташкил медиҳад.

Зану шавҳар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0