Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Анушервон Назарзода дубора Қаҳрамони ҷаҳон шуд

© SputnikПросмотр на экране чемпионата мира по самбо в Сербии
Просмотр на экране чемпионата мира по самбо в Сербии - Sputnik Тоҷикистон
Варзишкори ҷавони тоҷик Анушервон Назарзода қаҳрамони мусобиқоти самбои наврасони ҷаҳон дар вазни 56 кг шуд

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни наврасону навҷавонон аз 13-ум то 15-уми октябр дар шаҳри Нови Сади Сербистон баргузор гардид.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар мақоми қаҳрамони мусобиқоти ҷудои Ҷоми Уруппо - Sputnik Тоҷикистон
Куштигири навҷавон Ҷаҳонгир Маҷидов қаҳрамони мусобиқоти Ҷоми Урупо шуд

Анушервон Назарзода, ки дстпарвари бошгоҳи маскавии "Самбо — 70" аст, дар ин мусобиқот аз тарафи Русия ширкат кард.

Ба гузориши Федеросюни самбои Тоҷикистон, дар ин мусобиқа беш аз 350 варзишкори наврасу навҷавон аз писару духтар аз 32 кишвари ҷаҳон ширкат карданд.

Варзишкорони миллипӯши Тоҷикистон дар ин мусобиқот се медол — 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд.

Ёдоварӣ мекунем, ки Анушервон Назарзода ду сол пеш низ дар мусобиқоти самбои наврасон дар вазни 48 кг каҳрамони ҷаҳон шуда буд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала