Борон ва шамоли сахт: Ҳаво дар Тоҷикистон тағйир меёбад

© Sputnik / Амир ИсаевДождь в Душанбе, архивное фото
Дождь в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад, ки рӯзи чоршанбе борон борад ва ҳарорати ҳаво поён шуда, 20 дараҷа гармиро ташкил диҳад. Дар вилояти Суғд тунд шудани вазиши бод то 17-22 метр сония пешбинӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар Тоҷикистон якбора тағйирёбии ҳаво пешбинӣ мешавад.

"Рӯзи чоршанбе дар дар бархе аз навоҳии вилояти Суғд тунд шудани вазиши бод то 17-22 метр сония пешбинӣ мешавад. Дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ шамол дар як сония аз 15 то 20 метр мевазад.

Интизор меравад, ки дар водиҳо ҳарорати  паст мешавад. Рӯзона он тто 8-13 дараҷа гарм мерасад. Ҳамчунин интизор меравад, ки туман ҳам фарояд.

Рӯзи сешанбе ҳарорат дар пойтахти Тоҷикистон мӯътадил боқӣ мемонад ва то 30 дараҷа гарм мешавад. Аммо рӯзи чаҳоршанбе бориши борон ва поён шудани ҳарорат то +20 дараҷа дар назар аст.

Дар шаҳри Хоруғ ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борон ва сардиҳо аз рӯзи панҷшанбе сар мешаванд. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва вилояти Хатлон бориши борон дар назар дрошта нашудааст ва танҳо поён шудан  ҳарорат рӯзона то 21 дараҷа гарм ва шабона то 7 дараҷа гарм дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0