Варзишкорони тоҷик аз қаҳрамонии самбои ҷаҳон 3 медол оварданд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкСамбо, архивное фото
Самбо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон 350 варзишкор аз 32 кишвар зӯрозмоӣ карданд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Варзишкорони тоҷик дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон 3 медол ба даст оварданд. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бино бар гузориши ин ниҳод, ин сабқат аз 13 то 15 октбяр дар шаҳри Нови Сади Сербистон баргузор гардидааст.

Гуфта мешавад, аз ин қаҳрамонӣ, ки варзишкорони тоҷик низ ширкат доштанд, 3 медол — 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ба Тоҷикистон хоҳанд овард.

Чунончи, медоли нуқраро варзишкор Сомон Сангов дар вазни 52 кг дар зӯрозмоии наврасон ба даст овардааст. Медолҳои биринҷиро Умедҷон Муҳиддинов (62 кг) ва Садам Каримов (74 кг) дар зӯрозмоии ҷавонон сазовор гаштанд.

Дар ин мусобиқа 350 варзишкор аз 32 кишвар дар 20 радаи вазнӣ миёни наврасон (10 рада — духтарон, 10 рада — писарон) ва 20 радаи вазнӣ миёни ҷавонон барои ҷоизаҳо рақобат карданд.

Лентаи хабарҳо
0