Мулоқоти Саидмукаррам Абдулқодирзода бо муфтии Истамбул дар бораи ҲНИТ ва табаддулотҳо

© ИСЛАМСКИЙ ЦЕНТР РТСаидмукаррам Абдукодирзода с муфтием Стамбула
Саидмукаррам Абдукодирзода с муфтием Стамбула - Sputnik Тоҷикистон
Саидмукаррам Абдуқодирзода дар мусоҳиба бо муфтии Истамбул масоили равобити динии Тоҷикистону Туркияро баррасӣ намуд

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Раиси Шурои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода бо муфтии шаҳри Истанбул Ҳасан Комил сӯҳбат оростааст.

Ҷонибҳо дар ин вохӯрӣ масоили равобити динии Тоҷикистону Туркияро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, раиси Шурои уламои Тоҷикистон табаддулоти нокоми давлатиро, ки дар соли 2016 дар Туркия амалӣ шуда буд, маҳкум намуд.

"Ҳамчунин Абдулқодирзода аз амалҳои тахрибкоронаи ҲНИТ дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва кӯшиши табаддулоти нокоми давлатие, ки моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби аъзоёни ин ҳизб амалӣ гардида буд, маълумоти дод",- гуфта мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, муфтии Истамбул низ ин табаддулотро маҳкум кард.

Дар анҷоми сӯҳбат ҷонибҳо изҳори умедвори карданд, ки Тоҷикистон ва Туркия дар оянда низ равобити диниро густариш хоҳанд дод.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала