Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Сафи занони мансабдор зиёд мешавад: ташкили "Мактаби лидерӣ" дар Хуҷанд

Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Ҳукумати Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки дар навбати аввал дар курси семоҳаи "Мактаби сарварӣ" 20 занро ба вазифаҳои роҳбарикунанда омода созад

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар Ҳукумати шаҳри Хуҷанд машғулияти нахустини курси семоҳаи "Мактаби сарварӣ" баргузор гардид. Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳукумати шаҳр иттилоъ медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, ба омӯзандагони курси мазкур сармутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон  Мадина Бобоиён, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаиҲукумати вилояти Суғд Нигора Ғаффорзода, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова ва фаъолзани аъзои шурои шуъбаи кор бо занон ва оила Ҳамроҳ Атаева ва Мукаррама Негматова дар мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла сифатҳои зан-роҳбар, омода шудан ба мақоми роҳбарӣ, таҳаммулпазирӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми зан, рисолати хизматчии давлатӣ ва ғайраҳо маърӯза намуданд.

Зикр карда шуд, ки шуъбаи кор бо занон ва оилаи Ҳукумати шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки дар навбати аввал ҷиҳати омода намудани занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда курси семоҳаи "Мактаби сарварӣ"- ро бо фарогирии 20 нафар ҷавонзанону духтарони корхонаю ташкилотҳо соҳаҳои гуногун маориф, тандурустӣ роҳандозӣ намуда, баъди хатм ба онҳо "Гувоҳнома" тақдим намоянд.

Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: Ғаффорзода сардори Раёсати кор бо занон таъин шуд

Ин иқдом бо мақсади таъмини иҷрои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022, амалӣ карда мешавад.

Дар ин замина барномаи шаҳрӣ таҳия ва қабул гардидааст, ки дар асоси он фаъолият дорад. Алҳол нисфи зиёди аҳолии шаҳри Хуҷандро занону духтарон ташкил медиҳанд, ки беш аз 21 ҳазор дусад нафари онҳо қувваи қобили меҳнат буда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар пешбурди корҳо саҳм мегиранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала