Ҷавонони тоҷик дар бораи дидори тасодуфиашон бо Владимир Путин нақл карданд

© Sputnik Максим БлиновМолодежь Таджикистана возле стенда РТ на ВФМС в Сочи
Молодежь Таджикистана возле стенда РТ на ВФМС в Сочи - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо ширкаткунандагони 19-умин ҷашнвораи ҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён дидор кардааст. Ба гуфтаи онҳо ин вохӯрӣ барояшон тасодуфӣ ва хотирмон буд

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Русия шоми рӯзи ҷумъа, пас аз анҷоми иҷлосияи "Волдай", вориди яке аз қаҳвахонаҳои боғи олимпии Сочи шуд, ки дар он ширкаткунандагони ҷашнвораи ҷавонону донишҷӯён бо ҳам муошират мекарданд.

Владимир Путин дар ҳоле вориди бино шуд, ки ҷавонон зери ҳавои мусиқӣ рақс мекарданд. Ҷавонон бо қарсакҳо ӯро пешвоз гирифтанд. 

"Барои аҳволпурсии мо худи раисҷумҳури Русия Владимир Путин омад. Пас аз барномаҳои омӯзишӣ ва консерт ширкаткунандагони ҷашнвора барои идомаи сӯҳбат ба ресторан рафтанд. Вай тасодуфан пайдо шуд, ва ҳамин тавр нопадид гардид. Омадани Владимир Путин дар ҳақиқат тасодафӣ ва хотирмон буд"-навиштааст Аминҷон Абдураҳимов роҳбарои "Созмони ҷавонони тоҷик дар Санкт-Петербург" дар саҳифаи иҷтимоаш Истаграм.

 

Вақте ки аз раисҷумҳури Русия пурсиданд, ки оё аз даврони ҷавониаш лаҳзаҳои хотирмоне дорад, гуфтааст, "бале, онҳо ҳамеша бо варзиш иртибот доштанд".

Ҷашнвораи ҷаҳонӣ рӯзи гузашта дар Сочи дар маросиме бо ширкати Владимир Путин ба интиҳо расид. Ҷашнвораи ҳафтаи гузашта дар Сочи расман ифтитоҳ ёфта буд.  Ҳамагӣ дар он 25 ҳазор нафар ҷавонон аз 180 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Аз ҷумла 200 ҷавони тоҷик низ ҳузур доштанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала