Тоҷикистон қаҳрамони кураши ҷаҳон шуд

© Sputnik Амир ИсаевХамроз Рачабов чемпион мира по Курешу
Хамроз Рачабов чемпион мира по Курешу - Sputnik Тоҷикистон
Ҳафтумин қаҳрамонии кураши ҷаҳон дар шаҳри Минск бо пирӯзии паҳлавони тоҷик ба поён расид

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Дар ин мусобиқот паҳлавонон аз 26 кишвар дар панҷ радаи вазнӣ зӯрозмоӣ карданд. Куштигири тоҷик Ҳамроз Раҷабов дар ҳамовардонаш дар вазни 80 килуграм пирӯз шуд ва медоли тиллоро ба гардан овехт.

"Ин пирӯзӣ бароям ифтихори бисёр бузург аст. Тамринотамро бештар хоҳам кард то ба ҳадафҳое, ки дар пеш дорам, бирасам", — гуфт Ҳамроз ба хабарнигорон.

Ҳамроз афзун бар кураш, ки куштии мардумони туркитабор аст, дар риштаи самбо низ яке аз пешгомони дастаи миллии Тоҷикистон аст. Вай дар феҳристи самбокорони ҷаҳон дар вазни 74 килуграм бо 700 имтиёз дувумин ҷойгоҳро дорад. Ӯ порсол дар ҳамин вазн медоли биринҷии қаҳрамонии самбои ҷаҳонро ба даст оварда буд.   

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала