Муовини нахуствазир Суғдро омода ба зимистон наёфт

© Sputnik / Амир ИсаевСнегопад в Душанбе 27 ноября
Снегопад в Душанбе 27 ноября - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини нахуствазири Тоҷикистон ҳукумати Суғдро ба далели омода накардани вилоят барои зимистон интиқод кард

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Иброҳим Азиз аз амалкарди ситодҳои маҳаллии ҳукумати вилояти Суғд дар нишасти Ситоди омодасозии вилоят барои гузарондани зимистон дар Хуҷанд интиқод кард.

Церемония поднятия Государственного флага в центре города Хорога - Sputnik Тоҷикистон
Азим Иброҳим аз омодасозии ВМКБ ба зимистон интиқод кард

Масуълин дар ин ҷаласа гузориш додаанд, ки вилоят барои гузарондани зимистон омода аст, вале муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим гуфт, ки омори гузоришшуда бо ҳам бисёр тафовут доранд.

Чунончи, бино ба гузориши ситоди вилоятӣ ҳама мактабҳои Суғд пурра бо ангишт таъмин шудаанд, вале санҷиши интихобӣ нишон додааст, ки бархе аз мактабҳо то ҳол ангишт дарёфт накардаанд.

Ҳамчунин дар ин ҷаласа ошкор шуда, ки дар вилоят барои зимистонгузаронии чорво хӯрок ба андозаи кофӣ захира нашудааст.

Муовини нахуствазир масъулонро муваззаф кардааст, ки ин мушкилотро дар камтарин замон ҳалл кунанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки Азим Иброҳим аз амалкарди Ситоди омодасозии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зимистон низ интиқод карда буд.

Вай дар ҷаласае, ки 3 октябр дар Хоруғ баргузор шуда буд, аз амалкарди ситодҳои вилоятӣ ва ноҳияҳо интиқод карда буд, ки ангишт ва хӯрок барои чорво камтар аз нақша захира карда буданд.

Муовини нахуствазир ҳамчунин аз амалкарди кормандони идораҳои роҳдории вилоят низ интиқод карда, гуфтааст, ки то имрӯз онҳо танҳо 21 дарсад аз нақшаи пешбинишуда маводи сӯхт захира кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0