Вазири кишоварзии ҶТ раису пахтакорони вилояти Суғдро табрик гуфт

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookАбдурахмон Кодири. Архивное фото
Абдурахмон Кодири. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири кишоварзии ҶТ Иззатулло Сатторӣ иҷрои нақшаи тавлиди пахтаро ба раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва пахтакорони суғдӣ табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ иҷрои нақшаи тавлиди пахтаро ба раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва пахтакорони суғдӣ табрик гуфт.

Ба гузориши Хадамоти матбуотии вилояти Суғд, дар номаи табрики вазири кишоварзӣ ба раису пахтакорони вилоят омадааст:

"Муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ,

Шумо ва пахтакорони вилоятро аз номи ҳайъати мушовараи вазорат ба муносибати сарбаландона иҷро намудани нақшаи тавлиди пахта самимона табрик намуда, бароятон тандурустӣ, барори кору хушиҳои зиндагиро таманно дорем.

Умедворем, ки ғайрату ҳимматро дучанд карда, хирмани Ватанро боз ҳам ғанитар мегардонед".

 

Лентаи хабарҳо
0