Хонаводаҳои осебдида аз сел дар ҷамоати деҳоти Амондара хонаҳои нав дарёфт карданд

© Фото : Аз хадамоти матбуотии раисҷумҳурИфтитоҳи хонаҳо дар Дарвоз
Ифтитоҳи хонаҳо дар Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон
Дар ноҳияи Панҷиканд барои 10 хонаводае, ки бар асари омадани сел хонаҳояшон хароб шуда буд, манзилҳои нав бунёд карда шуд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки дар ноҳияи Панҷиканд ба хонаводаҳои осебдида аз офати табиӣ манзилҳои нав дода шуд.

Манзилҳои нав бо супоришҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бо сармоягузории ҳукумати шаҳру ноҳияи Панҷиканд бунёд шудаанд.

Калиди манзилҳои иқоматӣ, ки бо тамоми ашёи зарурии рӯзгор таъмин аст, имрӯз бо ҳузури шаҳрдори Панҷиканд ба соҳибонашон супорида шуд.

Ёдовар мешавем, охирҳои моҳи июн дар пайи боридани борони сахт ва жола дар деҳаҳои Амондара ва Майкадаи ҷамоати Амондараи шаҳри Панҷиканд сел фурӯ рехта буд.

Манбаи Sputnik Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар натиҷаи ин офати табиӣ беш аз 25 манзил хароб шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала