Дабирони шуроҳои амнияти Тоҷикистону Қазоқистон авзоъи Афғонистонро баррасӣ карданд

© Flickr \ Ken and NyettaОстона. Акс аз бойгонӣ
Остона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистону Қазоқистон қарор доданд, ки аз ин пас таҷрубаашон дар заминаи амнияти иттилоъотиро бо якдигар табодул кунанд ва мулоқоти кории коршиносони амниятии ду кишварро баргузор кунанд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дабири Шурои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ва ҳамтои қазоқаш Владимир Ҷумъахонов дар дидору ройзании дуҷониба роҳу чораҳои мубориза бо теруризм, қочоқи маводи мухаддир ва авзоъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд.

Дар ин ройзанӣ бархе аз масъулини ниҳодҳои давлатии ду кишвар низ ширкат доштанд.

Саммит ШОС в Астане - Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳоди бозор ва пайкор бо теруризм: дастоварди нишасти Созмони ҳамкории Шонгҳой

"Дар ин дидор роҳу чораҳои густариши ҳамкориҳои Қазоқистону Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо теруризму ифротгароии динӣ, пешгирӣ аз муҳоҷирати қонуншиканона баррасӣ шуданд. Ҳамчунин тарафҳо авзоъи низомиву сиёсии Афғонистон ва роҳу чораҳои рӯёрӯӣ бо таҳдидҳо аз он кишварро баррасӣ карданд", — гуфта мешавад дар иттилоъияе, ки дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Қазоқистон мунташир кардааст.

Дабирони шуроҳои амнияти ду кишвар ҳамчунин бар зарурати ҳамкорӣ дар мубориза бо табаҳкориҳои созмонёфтаи фаромарзӣ ва гардиши қонуншиканонаи маводи мухаддир таъкид карданд.

Ин ниҳодҳо қарор доданд, ки аз ин пас таҷрубаашон дар заминаи амнияти иттилоъотиро бо якдигар табодул кунанд ва мулоқоти кории коршиносони амниятии ду кишварро баргузор кунанд.

Чанде пеш Аҳад Мукашев, муовини мудии иҷроии Сохтори минтақаии подҳаросафкании (СМП) Созмони ҳамкории Шонгҳой, гуфта буд, ки гурӯҳҳои теруристии Ховари Наздик ва Афғонистон ҳарчанд талафоти сангин додаанд, вале тавони размиашонро нигаҳ доштаанд.

Вай гуфта буд, ки СМП ин арзёбии коршиносони байналмилалиро мепазирад, ки гурӯҳҳои теруристии фаъол дар Ховари Наздик ва Афғонистонро "таҳдиди аслӣ ба ҷаҳони имрӯз ва амнияти байналмилалӣ" мешуморанд.

"Ин гурӯҳҳо ҳарчанд талафоти сангин додаанд, аммо тавони размиашонро нигаҳ доштаанд ва омода ҳастанд ҳамалаҳои теруристиро чи дар он минтақа чи берун аз он барномарезӣ ва роҳандозӣ кунанд", — гуфта буд Мукашев.

Лентаи хабарҳо
0