Тоҷикҳову узбакҳо дар Русия барои ҷой дар худравгоҳе заду хӯрд карданд

© Sputnik / Анна Соловьева / Гузариш ба медиабонкДрака, архивное фото
Драка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷанҷол аз барои ҷой дар худравгоҳе дар шаҳри Нижний Тагил миёни муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбакистон ба заду хӯрди ҳамагонӣ кашонд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар бозори "Спутник" дар шаҳри Нижний Тагил — яке аз шаҳрҳои вилояти Свердловск дар Русия, миёни муҳоҷирони тоҷику узбак ҷанҷол бархоста ки ба заду хӯрди ҳамагонӣ кашондааст.

Полицейский рейд в ТЦ Москва - Sputnik Тоҷикистон
Маскавиҳо аз ҷанҷоли тоҷикону арманиҳо ҳаросиданд

Ба гузориши расонаҳои тагилӣ, ин ҷанҷол аз барои ҷои худрав дар паркинг сар задааст. Дар паи ин ҷанҷол заду хӯрде миёни муҳоҷирон дар гирифта, ки дар он ҳафт кас захмӣ шудаанд.

Барои ором кардани ин заду хӯрд чанд гурӯҳ аз пулис ва Нерӯҳои ошӯбнишон расидаанд, ки 17 муҳоҷирро дастгир кардаанд.

Гузориш шуда, ки дар ин заду хӯрд зане, ки мехоста ҷангараҳоро ором кунад, лату кӯбу захмӣ шудааст.

Ҷузъиёти ин ҷанҷолу заду хӯрд ҳамакнун бозҷӯӣ мешаванд.

Ёдоварӣ мекунем, ки чунин як заду хӯрде 19 октябр миёни муҳоҷирони тоҷик ва арманӣ рух дода буд. Дар ин заду хӯрд 20 коргари як ширкати роҳсозӣ аз Тоҷикистону Арманистон ширкат карда буданд ва як муҳоҷир захмӣ шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0