Сафарҳо бехатар: ду духтар ва сагҳояшонро аз уқёнуси Ором наҷот доданд

Обуна шудан
Пас аз панҷ моҳи интизорӣ ду шаҳрванди Амрико ҳамроҳи сагҳояшон аз уқёнуси Ором наҷот дода шуданд

Ба кӯмаки духтарони амрикоӣ Қувваҳои обии ИМА омаданд.

Ин духтарон панҷ моҳ пеш ҳамроҳи ду сагашон аз Гаваев ба ҷазираи Таитӣ сафар карданд. Вале дар вақти вазидани тӯфони баҳрӣ яке аз қисмҳои киштиашон шикаста аз кор бозмонааст.

Хушбахтона духтарон бо худ маҳсулоти зиёди хурданӣ доштаанд, ки онҳо ва сагҳояшонро аз марг наҷот додааст.

Лентаи хабарҳо
0