Қаҳрамонии бесобиқа: дастаи футболи ВМКБ дар сабқати ҷумҳуриявӣ пирӯз шуд

© Фото : Аз саҳифаи Pamir newsДастаи "Помир-Бадахшон"
Дастаи Помир-Бадахшон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъмулан варзишкорони ВМКБ дар риштаи волейбол қаҳрамон мешаванд, вале ин дафъа дар сабқати футбол пирӯз шуданд. Дар давоми як ҳафта мактаббачагони футболбоз аз тамоми манотиқи Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъ шудаву барои "Тӯби чармин" байни ҳам рақобат карданд

ДУШАНБЕ, 27 окт— Sputnik. Дар ин рақобат дастаи футболбозони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҳисоби 3:0 ҳарифони худро аз тими "Хатлон 2" шикаст дода мақоми аввалро аз худ карданд.

"Ростӣ боварӣ надоштем. Мо соли 2015 дар ин сабқат мақоми дуюмро гирифта будем, вале бовариамон набуд, ки имсол мақоми якумро сазовор мешавем", — гуфт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон раиси Федератсияи Футболи ВМКБ Аноятшо Аноятшоев.

Дастаи Хидорҷев пирӯз шуд - Sputnik Тоҷикистон
Пирӯзии дастаи Хидорҷев дар сабқати футбол барои дарёфти Ҷоми Шохдара

Сабқати ҷумҳуриявӣ оид ба футбол барои дарёфти "Тӯби чармин", байни мактаббачагони соли таваллдушон 2002-2003 баргузор шуд.

Ҳамин тавр дар сабқати ҷумҳуриявӣ ҳашт даст аз Душанбею, Қурғонтеппа, Истаравшану Хуҷанд ва Регару ВМКБ ҷамъ омада буданд ширкат карданд.

Дастаи "Помир-Бадахшон" дар даври ниҳоӣ бо дастаи "Хатлон 2" ба рақобат баромада бо ҳисоби 3:0 ҳарифонашонро мағлуб кард.

Ба иттилоъи манбаъ ҳамин тавр бо ҳисоби холҳо даста "Помир-Бадахшон" барои нахустин бор қаҳрамони ҷумҳурӣ оид ба футбол шуд.

Манбаъ афзуд, ки рақибон малакаи хуб доштанд, вале футболбозони ВМКБ ҳам боқувват буданд.

Ба футболбозони пирӯз аз ҷониби ФФТ ифтихорномаҳо ва медалҳотақдим гардид.

Лентаи хабарҳо
0