Шоҳрух Юнусов: раисҷумҳури Тоҷикистон роҳамро ба операи ҷаҳонӣ кушод

© Фото : из личного архива Шохруха ЮнусоваШохрух Юнусов
Шохрух Юнусов - Sputnik Тоҷикистон
Шоҳрух Юнусов дар Тоҷикистон ва берун аз он бо суруди "Республикаи ман" номдор шуд, акнун мехоҳад Тоҷикистонро дар ҷаҳон номдор кунад

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар ҳошияи 19-умин Ҷашнвораи ҷаҳонии ҷавонону донишҷӯён дар Сочӣ бо овозхони шинохта ва меҳмони ин ҷашнвора Шоҳрух Юнусов дар бораи таҳсил дар Итолиё, дидор бо раисҷумҳур Раҳмон, вазъи опера дар Тоҷикистон ва ҳунари овозхонӣ суҳбат кард.

Шоҳрух натанҳо овози ҷаззоб дорад, балки дар забономӯзӣ ҳам пешрафтҳое дорад. Ин ҷавони тоҷик ба панҷ забон — форсии тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ, итолиёӣ ва туркӣ озодона сухан мегӯяд. Дар Ҷашнвораи ҷавонону донишҷӯён Шоҳрух Тоҷикистонро ба намояндагони дигар кишварҳо бе ҳеч мушкиле муаррифӣ мекарду аз забондонии худ ҳамагонро дар ҳайрат гузошт.

"Меҳмоне аз Туркия дар намоишгоҳ назди ғурфаи Тоҷикистон омаду ман бо ӯ ба забони туркӣ сухан гуфтам. Ин ҷавон бо ҳайрат ба ман менигаристу мегуфт ту беҳтар аз туркҳо ба туркӣ сухан мегӯӣ", — гуфт Шоҳрух.

© Фото : из личного архива Шохруха ЮнусоваШохрух Юнусов
Шохрух Юнусов - Sputnik Тоҷикистон
Шохрух Юнусов

Вай ҳамакнун донишҷӯи соли дувуми Консерваторияи миллии Итолиё дар шаҳри Милан аст. Ӯ мегӯяд, рӯзе, ки ӯро ба намояндагӣ аз Тоҷикистон ба ин ҷашнвора даъват карданд, хурсандиаш ҳадду канор надошт.

"Ман аз ширкат дар ин ҷашнвора бисёр шод ҳастам. Ифтихор дорам, ки метавонам Тоҷикистонро дар чунин ҷашнвораи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунам".

Молодежь Таджикистана возле стенда РТ на ВФМС в Сочи - Sputnik Тоҷикистон
Ҷавонони тоҷик дар бораи дидори тасодуфиашон бо Владимир Путин нақл карданд

Шоҳрух мегӯяд, ки хориҷиёнро бештар пӯшоки миллӣ ва ториху фарҳанги тоҷикон ба ҳайрат меовараду онҳо бештар аз фарҳанг мепурсанд.

Аксе бо Жириновский

Дар ин ҷашнвора, ки беш аз 30 ҳазор ҷавон ширкат карду коршиносони бисёреро аз ҳама гӯшаву канори ҷаҳонро ба ҳам овард, дидор бо сиёсатмадорони баландпоя рухдоди хуше аст. Шоҳрух низ чунин як дидореро аз сар гузаронд. Ӯ бо сиёсатмадори номӣ, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский акс гирифт.

"Ин рухдод иттифоқӣ буд. Ман каме хаста шуда будаму утоқам бар мегаштам. Вақте ба майдони барномаҳо расидам, Жириновскийро онҷо дидам. Ба худ гуфтам оё мешавад, бо ӯ акс гирифт? Бо ҳамин фикр телефонамро аз кисаам мебаровардам, ки нигоҳаш ба ман афтоду маро наздаш хонд. Аз нигоҳаш пай бурдам, ки вақт кам дорад. Зуд акс гирифтаму бо ҳамин Жириновский рафт", — мегӯяд Шоҳрух ва афсус мехӯрад, ки вақт нашуд бо вай суҳбате кунад.

© Фото : Аз бойгонии Шоҳрух ЮнусовШоҳрух Юнусов бо Владимир Жириновский
Шоҳрух Юнусов бо Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон
Шоҳрух Юнусов бо Владимир Жириновский

Шоҳрух аз истиқболи мардуми рус аз меҳмонон шод аст ва мегӯяд, ки мизбонии чанд ҳазор меҳмон кори осоне нест ва ниёз ба тими нерӯманду ботаҷриба дорад.

"Республикаи ман" ё роҳи овозхонии Шоҳрух

Шоҳрух дар бораи  Тоҷикистон бо меҳри хоссае сухан мегӯяду меафзояд, ки кӯшиш дорад бо овозхонияш ҳарчӣ бештар Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад.

Шоҳрухро мардуми Тоҷикистон ва берун аз он бо суруди "Республикаи ман" мешиносанд. Ин сурудро Шоҳрух нахустин бор дар озмуни "Нури умед" суруда буд, ки ӯро дар саросари Тоҷикистон саршинос кард. Сипас Шоҳрух дар озмунҳое дар Қазоқистону Қирғизистон, Русияву Белорус, Туркияву Амрико бо ҳамин суруди "Республикаи ман"-Тоҷикистонро муаррифӣ кард.

Вале нахустин суруде, ки ӯ ҳанӯз дар кӯдакистон бо гитори худсохт хонда буд, таронаи маъруфи устод Далер Назар "Мастам, мастам зи бӯи ҷонон мастам" буд.

Ӯ мегӯяд, ки аз хурдсолӣ ба овозхонӣ дилбаста буд ва ин ҳунарашро нахустин шуда падарбузургаш шодравон Ғаффор Алиев боз ёфтааст.

"Ин суруд ҳаргиз аз ёдам намеравад. Онро дар кӯдакистон бо гитори худсохт суруда будам", — ба ёд меорад Шоҳрух нахустин гомҳояшро дар ҷоддаи овозхонӣ.

Шоҳрух мегӯяд, ки то имрӯз дар ин ҷодда устодони бисёре дошта ва бо бисёре аз ҳунармандон ҳамкорӣ кардааст. Ӯ Маъруфҷон Норбоев, Майсара Набиева ва Олим Юсуповро аз устодони худ мешуморад. Вале заҳмати Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Адҳам Холиқовро дар комёбиҳои худ бештар арзёбиву арҷгузорӣ мекунад.

"Ман Адҳам Холиқовро яке аз сабабҳои аслии монданам дар ҷоддаи ҳунари операсароӣ медонам", — гуфт Шоҳрух ва афзуд, ки ӯро дар ин роҳ ҳамеша падару модараш, устодонаш ва ёру дӯстонаш дастгирӣ мекунанд.

Дидор бо раисҷумҳури Тоҷикистон

Шоҳрух Юнусов мактаби миёнаро то синфи шашум дар шаҳри Конибодом хонда сипас таҳсилоташро дар мактаби хонандагони болаёқат дар Хуҷанд идома додааст. Вале соли 2014 зиндагии Шоҳрух пас аз дидор бо раисҷумҳур куллан тағйир ёфт. Раисҷумҳур дар яке аз консертҳо ҳунари Шоҳрухро дида ӯро барои идомаи таҳсил ба мактаби байнулмилалии шаҳри Душанбе даъват кард.

Шоҳрух мегӯяд, ки охирин бор бо Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта, пеш аз рафтанаш ба Итолиё, дидору гуфтугӯ кардааст. Ба гуфти вай, раисҷумҳур дар ин дидор ӯро панду андарзҳо ҳам додааст.

"Ту бояд нағз хонӣ. Тоҷикистонро  дар арсаи байналмилалӣ сарбаландона муаррифӣ кунӣ ва ба Ватани худ баргашта ба мардуму кишвари худ хидмат кунӣ", — гуфта буд раисҷумҳур ба Шоҳрух дар раванди яке аз сафарҳояш ба вилояти Суғд.

Супориши Эмомалӣ Раҳмон ва таҳсили Шоҳрух дар Итолиё

Итолиёро хостгоҳи опера ва зодбуми маъруфтарин операсароёни ҷаҳон мешуморанд. Дар мактбаи операи Итолиё оҳангсозони машҳуре чун Ҷакомо Пучини ва Ҷузеппе Верди омӯзишу парвариш ёфтаанд, ки операро дар ҷаҳон муаррифӣ кардаанд. Қаҳрамони мо низ ягона донишомӯзи Консерваторияи шаҳри Милан на танҳо аз Тоҷикистон, балки аз саросари Осиёи Марказӣ аст.

"Ман бо дастгирии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Итолиё барои таҳсил дар риштаи опера рафта будам. Хушбахтона, соли гузашта бо дастури раисҷумҳур ман ҳам дарёфткунандаи кумакпулии таҳсилии "Дурахшандагон" шудам. Албатта, мехоҳам ба боварии раисҷумҳур сазовор бошам", — мегӯяд бо хушнудӣ Шоҳрух.

Ба гуфти Шоҳрух, рақобат барои донишомӯз шудан дар Консерваторияи шаҳри Милан, ки беҳтарин ҳунаристони олии мусиқӣ ва опера дар Итолиё аст, бисёр сахт аст. Аз миёни 5 ҳазор довталаб  танҳо 58 кас дар ин донишгоҳ пазируфта шудаанд. Шоҳрух дар миёни ин пазируфташудагон нахустин будааст.

"Вақте дар имтиҳони вуруд нахустин бор ба саҳна баромадам, профессорҳое, ки аз мо имтиҳон мегирифтанд, дар репертурам арияеро диданд, ки иҷрояш дар синну соли ман бисёр мушкил аст. Профессорҳо аз ман пурсиданд, ки оё метавонӣ ин арияро иҷро кунӣ? Агар омода бошӣ, мо мехоҳем онро бишнавем. Пас аз шунидани овозам, доварон бо ҳам суҳбат карданду ба ман гуфтанд, ки мо туро дар донишгоҳ интизор мешавем", — ба ёд меорад Шоҳурх. Вай меафзояд, ки ба ин имтиҳон сахткӯшона омода шуда буд ва агар панҷ дарсади комёбияш аз ҳунараш бошад, 95 дарсади дигараш заҳмати устодаш Аҳтам Холиқов ва худаш аст.

Парвина Бандишоева - Sputnik Тоҷикистон
Парвина Бандишоева: донишҷӯӣ дар Чин осон нест

"Бароям таҳсил дар ин консерватория, ки беҳтарин ҳунаристон дар ҷаҳон аст, мояи ифтихор аст. Хушбахтам, ки аввалин тоҷике ҳастам, ки Тоҷикистонро дар чунин ҳунаристон муаррифӣ мекунам", —мегӯяд бо ифтихор Шоҳрух.

Мардуми Итолиё ҳам меҳмоннавозанд

Шоҳрух мегӯяд, ки Итолиёро аз хурдӣ дӯст медошт ва ба ин сарзамин меҳри хоссае дорад.

"Замоне, ки ман дар озмунҳо ширкат кардам, маро ҳатто ба яке аз операсароёни машҳури Итолиё Робертино Лорети монанд мекарданд", — мегӯяд Шоҳрух.

Ба гуфти вай, итолиёиҳо аз дигар мардуми Урупо дида ба тоҷикон наздиктару монанд ҳастанд, бавижа зоҳирашон ва меҳмоннавозиашон.

"Итолиёиҳо мардуми меҳмоннавозе ҳастанд. Агар, масалан, чизеро аз онҳо бипурсӣ, кӯшиш мекунанд, бештар кумакат кунанд", — мегӯяд Шоҳрух.

Вале Тоҷикистон дигар аст…

Вале ҳарчанд Итолиё зебосту мардумаш меҳмоннавозу хӯрокашон хушмазза аст, аммо Шоҳрух мегӯяд ҳамеша аз Тоҷикистон ёд мекунад ва пазмони оши палаву кабоби тоҷикӣ аст.

"Ман то кунун ба чандин кишвар сафар кардаам. Фикр мекунам, ки зеботарин кишвари ҷаҳон Тоҷикистон аст. Кӯҳҳои сарбафалак, обҳои мусаффо, ҳавои соф".

Тоҷиконро ба опера наздик мекунам

Вай дар бораи вазъи опера дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳамакнун фаъолияти Театри опера ва балети Тоҷикистон ба раҳбарии Аҳтам Холиқов бисёр беҳбуд ёфтааст.

Вале мегӯяд, ки мардуми тоҷик ҳамчунон аз опера дур аст. Бо ҳадафи ҷалби мардум ба опера ва баланд бардоштани фарҳани ҷаҳонии тоҷикон Шоҳрух Юнусов қасд дорад бо омезае аз мусиқии поп ва опера, ки истилоҳан " Classical crossover" ё "popera" номида мешавад, мардуми тоҷикро ба опера наздиктар кунад

"Жарни поп-опера ҳамакнун дар кишварҳои Урупо бисёр маъруф аст. Мехоҳам бо ин "ширу шакари мусиқоӣ" мардуми тоҷикро ба опера наздиктар кунам", — умед дорад Шоҳрух ва меафзояд, ки пас аз хатми ҳунаристони Милан ҳатман ба Тоҷикистон баргаштаву ба Ватан хидмат хоҳад кард.

Аброр Назаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аброр Назаров: на ҳар касе метавонад роҳи Далер Назаровро биравад

Насиҳати Далер Назар ба Шоҳрух

Шоҳрух мегӯяд, ки офаридаҳои овозхонони Тоҷикистонро пайваста пайгирӣ мекунаду суруди бахреро дӯст медорад.

"Ман ҳунари овозхонии Далер Назар, Ҷонибек Муродов ва Нигина Амонқуловар дӯст медорам. Нигина Амонқулова бо шеваи ба худаш хос бисёр писандам аст", — мегӯяд Шоҳрух.

Моҳи маи сли 2017 Шоҳрух нахустин бор бо овозхону оҳангсози номӣ Далер Назаров дидор кардааст.

"Бароям муяссар шуд, ки ҳамин тобистон, вақте Далер Назаров ба шҳари Бӯстон омада буд, бо ӯ дидор ва суҳбате дошта бошам. Устод Далер Назаров гуфт,  ки овозхон бояд ҳамеша хоксор бошаду аз "ситоразада" шудан худро нигаҳ дорад. Ва ҳамеша дар роҳи ҳунар заҳмат кашад", — маслиҳат додааст Далер Назаров ба Шоҳрух Юнусов.

Пас аз дидорҳои Шоҳрух бо шахсони машҳуре чун Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Жириновский, Аҳтам Холиқов ва Далер Назаров умед мекунем, ки қаҳрамони мо ҳам дар оянда шахсе маҳшуру номбардори Тоҷикистон шавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала