Дар Тоҷикистон даст ба дуздӣ задани якчанд наврас ошкор шуд

© Flickr \ Georgie PauwelsПодростки. Архивное фото
Подростки. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба шуъбаи милитсия дар минтақаҳои гуногуни кишвар шаҳрвандон муроҷиат карда, хабар додаанд, ки касе бо роҳи пинҳонӣ молу амволашонро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Кормандони милиса ҳангоми тафтишот якчанд ноболиғро ҳамчун гумонбар дастгир кардаанд

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки дар дар пайи чанд ҳафтаи охир дар кишвар якчанд ҳодисаи дуздиро ошкор кардаст, ки дар он наврасон даст доштаанд.

Чунончӣ, ба мақомоти корҳои дохилӣ зани 29-солаи сокини ноҳияи Панҷ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 25-уми октябри соли 2017, тахминан соати 15:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи "Нокиа-6300", ҷавоҳироти тиллоӣ ва 1200-доллари амрикоӣ, ҷамъ ба маблағи 5940-сомонӣ ва 1200-доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 15-солаи сокини ноҳияи мазкурро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд. Далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуд.

Мӯйхушкунак - Sputnik Тоҷикистон
Наврасе дар ноҳияи Темурмалик ба зарби бодзан ҷонашро бохтааст

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб маъмурияти мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Кӯлоб (ДОСААФ) муроҷиат намудааст, ки шаби 17-уми октябри соли 2017, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз автомашинаи таълимии борбардори тамғаи "Маз-5334", 2-адад акумулятори тамғаи "Барс-132" ва "Барс-190", ки арзишашон 3000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Ба ШВКД дар шаҳри Норак зани 31-солаи сокини шаҳри мазкур дар он хусус муроҷиат намудааст, ки охирҳои соли 2016 ноболиғ, духтараки 16-солаи сокини ноҳияи Данғара, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад компютери тамғаи "Ноутбук", ҷавоҳироти тиллоӣ, 2-адад либоси арусӣ, 2-адад камзули занона, 1-адад костюм, ҷамъ ба маблағи 11740-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Гумонбаршуда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, далелҳои шайъӣ гирифта шуданд.

Ин ҳодисаҳо мавриди тафтиш қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0