Фаввора а гулгашт: раисҷумҳур аз боғи "Ишқобод" боздид кард

© Фото : Аз хадамоти матбуотии Шавкат МирзиёевБоғи "Ишқобод" дар Тошканд
Боғи Ишқобод дар Тошканд - Sputnik Тоҷикистон
Дар кӯчае, ки ба номи шоири туркман Махтумқулӣ номгузорӣ шудааст, боғи "Ишқобод" бунёд шудааст

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёв аз боғи "Ишқобод", ки дар ноҳияи Яшнободи Тошканд бунёд шудааст, боздид кард.

Мирзиёев ин боғро рамзи таҳкими дӯстии Узбакистон ва Туркманистон гуфтааст.

© Фото : Аз хадамоти матбуотии Шавкат МирзиёевБоғи "Ишқобод" дар Тошканд
Боғи Ишқобод дар Тошканд - Sputnik Тоҷикистон
Боғи "Ишқобод" дар Тошканд

Ба иттилоъи Sputnik Узбакистон, ҳаҷми умумии боғ 10 гектар буда, дар даромадгоҳи он фаввораи бузурге насб шудааст. Дарахтони ороишӣ, курсиҳои замонавӣ ба боғ зебогии хосса мебахшад, менависад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Узбакистон.

Шавкат Мирзиёев дар рафти бозид барои боз ҳам ободтар кардани боғ ва гирду атрофи он ба масъулин супоришҳо додааст.

Мирзиёв ҳангом сафар ба Турманистон ба ҳамтои трурманаш хабар дода буд, ки дар Тошканд тандиси шоири туркман Махтумқулӣ сохта шуда, корҳо дар бозсозии боғи "Ишқобод" идома дорад. ба гуфти Мирзиёев ифтитоҳи ин боғ рамзи таҳкими дӯстии Узбакистон ва Туркманитон хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала