Forbes номи сарватмандтарин ашхоси ҷаҳонро эълом кард

© Sputnik Обложка "Forbes". Архивное фото
Обложка Forbes. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Forbes бойтарин ашхоси ҷаҳонро муайян ва номашонро эълон кард

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Бунёдгузор ва раҳбари онлайн-реллейтори Amazon миллиардер Ҷефф Безос боз ҳам дар садри феҳристи ашхоси сарватманди ҷаҳон ҷой гирифт.

Феҳристи саратмандатрин одамони ҷаҳон аз ҷониби маҷаллаи Forbes омода шудааст.

Дороии Безос 93,1 миллиард дулор дониста шудааст. Безос дар феҳристи бойтарин ашхос аз бунёдгузори ширкати Microsoft Билл Гейтс пеш гузашт. Сарвати Гейтс 3,2 миллиард гуфта мешавад.

Мақоми сеюмро дар ин феҳрист як амрикоии дигар сармоягузор Уоррен Баффет (80,6 миллиард дулор)аз худ кард.

Ҷои чаҳорумро соҳиби бренди Zara Амансио Ортега бо дороии 77,9 миллиард дулор гирифт. Панҷгонаро бунёдгузори Facebook Марк Цукерберг мепғшонад. Бойгари ӯ  73,8 миллиард дулор гуфта мешавад.

Дар феҳристи Forbes-и моҳи март Билл Гейтс дар садри ҷадвал буду мақоми дуюмро — Уоррен Баффет гирифта буд.  Ҷефф Безос бошад дар сатри сеюм ҷой гирифта буд.

Безос нахустин бор моҳи июли соли ҷорӣ дар садри ҷадвали сарватмандтарин одамони ҷаҳон ҷой гирифта буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала