Ширкати чинӣ то поёни сол минтақаи озоди иқтисодии "Данғара"-ро ба хатти барқ мепайвандад

Сохтусози хатти интиқоли барқ ба минтақи озоди иқтисодии "Данғара" то поёни моҳи декабри соли 2017 анҷом хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Нахустин хатти баландшиддати интиқоли ҳавоии барқ ба минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" то поёни моҳи декабр кашида хоҳад шуд, гуфт муовини раиси МОИ Сафарали Тайфуров ба хабарнигорон.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Дастовардҳои сафари раисҷумҳур ба Данғара: дабиристон, ҷӯйбор, корхона

Вай афзуд, ду хатти интиқоли барқ ба дарозои умумии 15 килуметр аз нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Норак ба ин минтақа кашида мешаванд. Ин тарҳро ширкати чинии "Шансӣ" анҷом медиҳад.

Пас аз анҷоми ин тарҳ ширкати чинӣ бояд тарҳи сохтусози хатти  интиқоли барқ аз истгоҳи "Шаршар" ба МОИ "Данғара"-ро анҷом диҳад, ки 25 килуметр дарозо дорад.

Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" дар 521,3 ҳектор замин аз ноҳияи Данғара бунёд шудааст. Соли 2015 маросими оғози сохтусози се корхонаи бузург ба арзиши беш аз 1,6 милёрд сомонӣ дар ин минтақа бо ширкати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала