Раҳбарони Русия, Эрон ва Озарбойҷон дар Теҳрон дидор мекунанд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкВизит президента РФ Владимира Путина в Азербайджан
Визит президента РФ Владимира Путина в Азербайджан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Путин, Ҳасан Руҳонӣ ва Илҳом Алиев якуми ноябр дар Теҳрон роҳу чораҳои мубориза бо теруризм ва густариши ҳамкориҳоро баррасӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, нишасти сеҷонибаи руасои ҷумҳуриҳои Русия, Эрон ва Озарбойҷон Владимир Путин, Ҳасан Руҳонӣ ва Илҳом Алиев якуми ноябр дар Теҳрон баргузор мешавад.

Визит президента РФ Владимира Путина в Азербайджан - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Эрон сафар мекунад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон Баҳром Қосимӣ низ дар нишасти расонаӣ дар Теҳрон меҳварҳои нишасти сеҷонибаи сарони Эрон, Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷонро эълом кард.

"Баррасии масоили дуҷониба, минтақаӣ, байналмилалӣ, мубориза бо теруризм ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба аз меҳварҳои ин нишаст аст", — гуфт вай.

Косимӣ афзуд, ин нишаст фурсати бисёр хубест, то мақомҳои олирутба дар бораи маҷмуаи масоиле, ки ҳар се кишвар ва минтақа бо онҳо рӯ ба рӯст, ройзанӣ ва мушовираи ҷиддӣ дошта бошанд.

Лентаи хабарҳо
0