Русия умедвор аст то поёни сол теруристҳоро дар Сурия несту нобуд кунад

© Министерство обороны РФ / Гузаштан ба хазинаи аксГлавнокомандующий Воздушно-космических сил РФ генерал-полковник Виктор Бондарев, архивное фото
Главнокомандующий Воздушно-космических сил РФ генерал-полковник Виктор Бондарев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Русия дар назар дорад то поёни имсол теруристҳоро дар Сурия пурра несту нобуд кунад, гуфт Виктор Бондарев, раиси Кумитаи дифоъву амният дар Шурои Федеросюни Русия

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Русия ҳузури низомиашро дар Сурия ба андозае нигаҳ хоҳад дошт, ки барои анҷоми амалиёти озодсозии қаламрави ин кишвар аз гурӯҳи теруристии "Давлати исломӣ" (ДОИШ, ки фаъолияташ дар Русия мамнуъст) кофӣ бошад, гуфт Виктор Бондарев.

"Русия қасд надорад дар қаламрави як кишвари мустақил пойгоҳи низомӣ эҷод кунад. Мо умедворем, ки теруристҳоро то поёни сол пурра несту нобуд кунем ва дар Сурия ба андозае нерӯ мемонем, ки битавонанд аз дубора сар баланд кардани теруристҳо пешгирӣ кунанд", — тавзеҳ дод Бондарев.

Вай афзуд, ки ҳамакнун 95 дарсад аз қаламрави Сурия аз ДОИШ озод шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала