Боздошти котиби маҷлиси додгоҳи Бӯстон ба иттиҳоми порагирӣ

Котиби маҷлиси додгоҳии Суди шаҳри Бӯстон ҳамчун гумонбар дар гирифтани пора дастгир карда шуд

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Дар ин бора равобити умуми Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар медиҳад.

Ба иттилоъии манбаъ, номбурда, ҳангоми дар истеҳсолоти додгоҳи шаҳри Истиқлол қарор доштани парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 200 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати зани 52-солаи муваққатан истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ният доштааст бо талаби пора ӯро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кунад.

Сотрудник правоохранительных органов производит арест - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти "корманди" БДА ба иттиҳоми порагирӣ

Ин зан зодаи Қирғизистон, буда, котиби маҷлиси додгоҳ бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ӯ 5000-дулор ҳамчун пора талаб намудааст.

"Рӯзи 5-уми майи соли соли 2017, дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров номбурда дар ҳузури шахсони холис аз зани мазкур 230000-рублро гирифта, ба этиёҷоти худ сарф намудааст", — омадааст дар хабарнома.

Аз рӯи қазия парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала