Боздошти зану шавҳаре, ки кӯдаки тоҷикро дар Сургут лату кӯб мекарданд

Ба иттиҳоми лату кӯби духтари 12-сола як зану шавҳари тоҷик дар Сургут боздошт шуданд

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Дар шаҳри Сургути Русия аз рӯи қазияи лату кӯби духтарчаи 12--солаи тоҷик хушовандонаш боздошт шуданд.

Дар ин бора Кумитаи тафтишоти Русия дар Югра хабар медиҳад.

"Муфаттишони Кумитаи тафтишотии минтақавии Русия зани 31-сола ва марди 39-соларо ба иттиҳоми лату кӯби кӯдак боздошт карданд", — омада дар хабарнома.

Фарзандони гунаҳкорон дар тарбиятхонаи вижае ҷой дода шудаанд.

Полиция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Духтараки тоҷикро дар Сургут аз дер боз латту кӯб мекардаанд

Ба иттилоъи манбаъ, дар паи баргузории тафтишот ҳамчунин макони зисти волидони духтари 12-сола муайян шудааст. Падари ӯ дар манотиқи вилояти Иркутск фаъолият мекунад ва аллакай ба Сургут омадаву бозпурсӣ шудааст. Модари духтарча дар Тоҷикистон ба сар мебарад ва ӯро ниҳодҳои дигари дахлдор бозпурсӣ хоҳанд кард.

"Бо дарназардошти он, ки ҷарбдида шаҳрванди дигар кишвар аст ва аз соли 2015 инҷониб қаламрави Русияро тарк накардааст, кормандони муҳоҷират ҳам аз рӯи ин қазия бозпурсӣ мешаванд", — навиштааст Кумитаи тафтишот.

Пештар хабар дода шуд, ки рӯзи 11 октябр сокини шаҳри Сургут ба мақомоти қудратӣ хабар дода, ки дар ҳамсоягии ӯ духтарчае ба сар мебарад, ки аҳволаш изтироровар аст.

Пас аз ин хабар кормандони мақомот аз ин манзил боздид карда, духтарчаи 12-солаи тоҷикро дар ҳоле вазнин дарёфтанд. Ӯро ба бемористон бураднд. Пизишкон пас аз ташхис муайян карданд, ки чанде аз қисми бадани духтарча шикаста ва дар ҷо ҷои баданаш изи сиёҳӣ боқӣ мондааст.

Маълум шуд, ки ин духтаракро ду со қабл аз Тоҷикистон овардаанд ва ӯ ҳамроҳи оилаи аппааш ин ҷо ба сар мебурдааст. Дар баробари ин кӯдак ба мактаб ҳам намерафтааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала