Раисҷумҳур ба рухсатӣ мебарояд, то кор кунад

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкАллея молодежи и панарамный вид на город Бишкек
Аллея молодежи и панарамный вид на город Бишкек - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бораи мӯҳлати мураххасӣ маълумот дода нашудааст

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Аз рӯзи душанбе, 30 окятбр раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба рухсатии меҳнатӣ мебарояд.

Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии расиҷумҳури Қирғизистон хабар медиҳад.

"Дар давраи рухсатӣ раисҷумҳур нусхаи охирини Стратегияи миллиро барои рушди устувор то соли 2040 коркард хоҳад кард, — омадааст дар хабарнома.

Дар бораи мӯҳлати рухсатии меҳнатӣ маълумот дода нашудааст.

Охирин рухсатии раисҷумҳури Қирғизистон моҳи тобистони ҳамин сол буд.

Лентаи хабарҳо
0