Шамолак мевазад: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Имрӯз, сиюми октябр, ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Бино ба гузориши Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар саросари кишвар ҳаво тағйирёбанда ва бебориш шуда, дар бархе аз манотиқи кишвар ҳарорати ҳаво баланд мешавад.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ҳарорат дар водиҳо рӯзона ба 26-31 дараҷа мерасад.

Бар асоси пешбинии созмон, дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳарорат дар ғарби вилоят рӯзона 16-21 дараҷа гарм ва дар шарқи он 3-8 дараҷа сард мешавад.

Шквальный ветер и снег в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори МЧС аз тундбод, туман ва бориши шадид: аз 29 то 31

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешбинӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо 15-20 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 21-26 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гашта, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 1-6 ва рӯзона ба 19-24 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 5 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 27-29 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала