Рӯзноманигори тоҷик пешниҳод мекунад, ки номи Конибодом тағйир ёбад

© Sputnik / Всеволод Тарасевич / Гузариш ба медиабонкВъезд в таджикский город Канибадам
Въезд в таджикский город Канибадам - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзноманигор Зайнуддин Орифӣ бар ин аст, ки номи шаҳри Конибодом бояд бо шакли дурусташ - Кандибодом ислоҳ шавад

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Рӯзноманигор Зайнуддин Орифӣ бо интишори изҳороте дар шабкаҳои иҷтимоъии "Фейсбук" ва "Одноклассники" пешниҳод кардааст, ки шаҳри Конибодом ба Канди бодом номгардон карда шавад.

Умед Джайхони, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қӯрғонтеппа: чаро набояд маркази вилояти Хатлонро Бохтар номид?

Ин рӯзноманигор дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки тасмим гирифтааст ин пешниҳодашро дар шабакаҳои иҷтимоъӣ нашр кунад ва сипас дар маҷаллаи "Садои Конибодом" мақолае мунташир карда, чуну чарои онро тавзеҳ диҳад.

"Ҳануз дар соли 1957 рӯзноманигору омӯзгору забоншиносу адабиётшиноси маъруф Тӯрақул Зеҳнӣ бо интишори мақолаи илмие ба номи "Кат ва канд" пешниҳод карда буд, ки гунаи дурусти номи шаҳри  Конибодом, ки Канди бодом аст, расмӣ шавад. Аммо ин мақола бо ин ё он далел аз мадди назари коршиносон ва масъулон дур монда буд", — ёдоварӣ мекунад Зайнуддин Орифӣ.

Ин рӯзноманигор мегӯяд, ҳоло мехоҳад, ки ин масъаларо жарфтар воковӣ кунад ва ҷусторашро ба масъулин пешниҳод диҳад.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ ин пешниҳоди Зайнуддин Орифиро тезу тунд баррасӣ доранд. Бархе аз онҳо пешниҳоди Канди бодом номидани Конибодомро дастгирӣ мекунад ва бархе низ онро напазируфтаанд. Гурӯҳе аз корбарон низ ҳамзамон бо пуштибонӣ аз ин пешниҳод ҳазинаи гарони номгардониро ёдоварӣ кардаанд.

Зайнуддин Орифӣ мегӯяд, агар пешниҳоди вай пазируфта шавад, номи дуруст ва торихии шаҳрро метавон бар гардонд то насли имрӯзиву оянда ба кор баранд.

Лентаи хабарҳо
0