Раисҷумҳур муовини сарвазирро таъин кард

Алишер Султонов раҳбари Девони вазирони геология ва энержӣ таъин шуд

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев Алишер Султоновро муовини нахуствазири кишвар таъин кард.

дар ин бора хабаргузории Kun.uz бо такя ба манобеи худ хабар медиҳад.

"Алишер Саидаббосович Султонов бо қарори раисҷумҳури Узбакистон ноиби нахуствазир таъин шуд", — омадааст дар хабарнома.

Город Ташекент, Узбекистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Танбеҳи раисҷумҳур ба раисони вилоятҳо ва роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ

Султонов ҳамчунин раиси ширкати "Узбекнефтегаз" мебошад. Дар баробари ин ӯ раҳбари Девони вазирони геология ва энержӣ таъин шудааст.

Султонов соли 2015 ба симати раҳбари "Узбекнефтегаз" таъин шуда буд. Пештар ӯ муовини раиси ҳамин ширкат буд.

Муовини пешини нахуствазир Ғуломҷон Иброҳимов, ки аз соли 2010 инҷониб ин вазифаро бар дӯш дошт, бо қарори раисҷумҳури Узбакистон шавкат Мирзиёев раиси вилояти Тошканд таъин шуд.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев якқатор раисони вилоятҳо ва раҳбарони баландпояро танбеҳ дод.

Санҷишҳои баргузоршуда се камбудии аслиро муайян кард: вайрон кардани қоидаҳои шаҳрсозӣ, сифати пасти корҳои барқгузаронӣ ва сохтмонӣ ва инҳироф аз тарҳи тасвибшуда.

Ҳамин тавр Мирзиёев ба раиси Шӯрои вазирони Қароқалпакистон, Қаҳрамон Сариев, ҳокими вилояти Бухоро Уктам Баноев, ҳокими вилояти Хоразм Илгизар Собиров ва ҳокими Тошканд-Раҳмонбек Усмонов, барои назорат накардани татбиқи барномаҳои сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва ба таъхир афтонидани иҷрои нашқа танбеҳ дод.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала