Тоҷикистон дар феҳристи баробарҳуқуқии марду зан паллаи 95-умро дарёфт кард

CC BY 2.0 / superUbO / Девушки в хиджабах, архивное фото
Девушки в хиджабах, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар "Гузориши ҷаҳонӣ дар бораи тафовути ҷинсҳо-2017"-и Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ феҳристи баробарҳуқуқии марду зан дар кишварҳо таҳия шуд

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Таҳиякунандагони феҳрист 4 шохиси аслӣ- беҳдошт, таҳсилот, имконот ва фоъолияти сиёсиро маҳаки худ қарор доданд.

Тоҷикистон дар ин феҳрист дар паллаи 95-ум миёни кишварзҳои Гурҷистон ва Парагвай қарор гирифт. Бино бар маълумоти оморҳо нисфи мардуми Тоҷикистон аз бонувон шакл мегирад.

Исландия, Норвегия, Финландия, Руанда, ва Шветсия дар феҳрист панҷ паллаи болоиро касб кардаанд.

Яман дар паллаи поёнии феҳрист қарор гирифт, ки ҳокӣ аз он аст, ки дар Яман бонувон барои истифода аз ҳуқуқҳои худ мушкилиҳо доранд.

Қазоқистон бо дарёфти паллаи 52 дар миёни кишварҳои ҳамсуд натиҷаи беҳтаринро нишон дод. Украина дар паллаи 61, Русия дар 71 ва Қирғизистон дар 85 қарор гирифтаанд.

Арманистон дар феҳристи паллаи 97 ва Озарбойҷон паллаи 98-умро касб кардаанд. Эрон ва Покистон бо касби паллаҳои 140 ва 143 дар қисмати поёнии феҳрист қарор гирифтаанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки имсол гаройиши ҷаҳонии рушди баробарии марду зан на танҳо мутаваққиф шуд, баръакс рӯ ба коҳиш ниҳод.
Имсол сатҳи миёнагии баробарии марду зан дар ҷаҳон дар муқоиса бо соли гузашта 68,3 дарсад то 68 дарсад коҳиш ёфт. Бо чунин ҳол кишварҳои ҷаҳонро ба муддатин миёнгин 100 сол мебояд, то баробарҳуқии ҳақиқӣ даст ёбанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала