Як қадам то пирӯзӣ: "Истиқлол" аз ҳарифаш шикаст хӯрд

© сайт ФК "Истиклол" в FacebookФК "Истиклол"
ФК Истиклол - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозии ниҳоии Ҷоми АФК бо ҳисоби 1:0 бар фоидаи дастаи "Эйр Форс"-и Ироқ ба анҷом расид

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё, ки ба он дастаи "Истиқлол"-и Тоҷикистон роҳ ёфта буд, бар фоида ҳарифи тими Тоҷикистон анҷом ёфт.

Имрӯз дар варзишгоҳи марказии Ҳисор дасати "Истиқлол" ва "Эйр Форс"-и Ироқ ба майдон баромаданд, бозӣ бо ҳисоби 0:1 ба анҷом расид.

Яке аз футболистони дастаи "Истиқлол" пас аз сабқат гуфт, бозингарони даста ин мағлубият маҳзун шуданд.

"Ин аллакай дувумин шикасти мост, барои ҳамин хело мушкил аст",- гуфт вай.

Баробари ин, футболбоз ҳарифонашро бо пирӯзӣ табрик гуфт ва қайд кард, ки даста хело хуб бозӣ кард.   

"Танҳо бахт ба рӯямон нахандид",-шикоят кард ӯ.

Лентаи хабарҳо
0