Ваъда додӣ, вафо кун: бархе аз муҳоҷирони тоҷикро озод карданд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкПассажиры поезда "Москва-Душанбе", отправляющегося с Казанского вокзала. Архивное фото
Пассажиры поезда Москва-Душанбе, отправляющегося с Казанского вокзала. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нисбати боқимондаҳо мувофиқи қонуншиканияшон протоколҳо пур карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Қисме аз шаҳвандони тоҷик, ки дар роҳи сафар аз Маскав ба Душанбе дар ҳудуди вилояти Астрахан аз қатор берун ва боздошт шуда буданд, озод гардиданд.

Дар ин бора фасорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад

"Бархе аз муҳоҷироне, ки дар ҳудуди вилояти Астрахан аз қатор берун карда шуданд, озод гардиданд. Нисбате дигарон протаколҳо пур карда мешавад. Чуноне хабар доданд, далелиаз қатор берун кардани муҳоҷиронро марзбонони рус дар шак доштан ба ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон барои бозгашт ба Ватан ба ҷои шиноснома шудааст", — нақл кард мусоҳиби оҷонсии РИА Новости.

Поезд Москва-Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сарҳадбонони рус зиёда аз 100 муҳоҷири тоҷикро аз қатор берун карданд

Ба гуфти ӯ дар ҳоли ҳозир ҷониби Тоҷикистон қонунӣ будани боздоштро месанҷад.  

Пештар хабар дода шуд, ВУХ Русия ваъда додааст, ки ба наздикӣ муҳоҷирони тоҷикро озод хоанд кард.

Рӯзи ҷумъа дар истгоҳи "Аксарайская", дар сарҳади Русияву Қазоқистон  беш аз 100 муҳоҷири тоҷик, ки тавассути қатор аз Маскав ба Душанбе раҳсипор буданд, аз ҷониби сарҳадбонони рус боздошт шуданд.
Чуноне аз сафорат хабар доданд, беш аз 115 муҳоҷири тоҷик дар ин истгоҳ аз қатор берун карда шудааст.

"Замоне, ки мо аз ин қазия огоҳ шудем, даррав дар паи фаҳмидани далели берун кардани муҳоҷирони тоҷик шудем", — гуфт намояндаи сафорат.   

Лентаи хабарҳо
0