Раисҷумҳур аз сохтмони нави Раёсати бозҷӯии ҷиноии ВУД ҶТ парда бардошт

© Flickr / Пресс-служба Президента РТВвод в эксплуатацию нового здания Управления Уголовного Розыска МВД РТ 06.11.2017
Ввод в эксплуатацию нового здания Управления Уголовного Розыска МВД РТ 06.11.2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Имрӯз дар чорчӯби ҷашни 23-умин солгарди қабули Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сохтмони нави Раёсати бозҷӯии ҷиноии ВУД ҶТ дар шаҳри Душанбе ба баҳрабардорӣ расид

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар чорчӯби ҷашни 23-умин солгарди қабули Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони нави Раёсати бозҷӯии ҷиноии ВУД ҶТ дар шаҳри Душанберо ба баҳрабардорӣ расонд.

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ин сохтмонро "туҳфаи арзишманди Ҳукумати Тоҷикистон дар Рӯзи Қонуни асосӣ" барои кормандони Раёсати бозҷӯии ҷиноии ВУД ҶТ шумурд ва онҳоро ба хидмати содиқона ба давлату миллат фаро хонд.

Сохтусози ин сохтмон дар моҳи ноябри соли 2016 оғоз шуда буд. Он дар хиёбони Фотеҳ Ниёзӣ ҷойгир шуда 5 ошёна, 60 утоқи корӣ, як толори маҷлис барои 150 кас, хобгоҳ барои 30 афсар, толори варзишӣ, ошпазхона ва дигар сохтмонҳои ёрирасон дорад.

Дар маросими пардабардорӣ аз сохтмони нав ҳамчунин вазири умури дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Сайидмуъмин Ятимов, шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ ва дигар масъулини давлатӣ, низомӣ ва интизомӣ ширкат карданд. 

Хадамоти матбуотии раисҷумҳур гуфта, ки "бунёди сохтмони нави Раёсати бозҷӯии ҷиноии ВУД Тоҷикистонро "идомаи мантиқии дастгириҳои давлату ҳукумат, хусусан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони сохторҳои қудратӣ аст, ки барои таъмини амнияту субот дар кишвар равона гардидааст".

Гуфтанист, дирӯз, 5 ноябр дар маҳаллаи Боғи гиёҳшиносии шаҳри Хоруғ қароргоҳи Нерӯҳои вижаи милисаи РВУД ба баҳрабардорӣ расонда шуд. Дар маросими пардабардорӣ аз қароргоҳи Нерӯҳои вижаи милиса муовини вазири умури дохилӣ Маҳмадсаид Саидзода, муовини раиси Маҷлиси миллӣ, раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед, сардори РВКД дар ВМКБ сарлашкари милиса Абдулваҳоб Мансур, додситони ВМКБ Дороб Асозода, муовини сардори РВКД дар ВМКБ сарҳанги милиса Ғайратшо Муборакшоҳзода ва фармондеҳи НВМ РВКД дар ВМКБ сарҳангдувум Ҷумъахон Шарипов ширкат карданд.

Лентаи хабарҳо
0