Баланд гуфтани азон иҷоза шуд. Дар Узбакистон

Дар кишвар дар пайи даҳ сол мамнуъ буд, ки азон тавассути баландгӯяк садо диҳад

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои расонаҳои Узбакистон дар ҷумҳурӣ ба муаззинҳо иҷозат дода шуд, ки азонро баланд бигӯянд.

Тавре қайд мешавад, ҳоло танҳо дар масҷидҳои пойтахти Узбакистон ва бархе аз маркази вилоятҳо иҷоза шудааст, ки азон тавассути баландгӯяк ба самъи сокинон расонида шавад.

Пештар расонаҳои маҳаллӣ иттилоъ дода буданд, ки имомхатибони узбакистонӣ ба раисҷумҳури кишвар Шавкат Мирзиёев муроҷиат карда, хоста буданд, ки ба онҳо иҷоза диҳад, азонро баланд бигӯянд.

Дар кишвар дар пайи даҳ сол мамнуъ буд, ки азон тавассути баландгӯяк садо диҳад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала