Муҳоҷиронро аз ошпазхонаҳои Новосибирск берун мекунанд

Шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳаққи пухту паз ва фурӯши ҳаргуна хӯрок дар дуконҳои сайёр маҳрум карда мешаванд, гуфта мешавад дар тарҳи қонун

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ҳукумати вилояти Новосибирск қасд дорад, қонунан пухту пазу фурӯши ҳаргуна хӯрокро барои муҳоҷирон мамнуъ кунад. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар медиҳанд.

Тарҳи чунин қонуне дар вебгоҳи равобити умумии "Электронная демократия Новосибирской области" (Демократияи электронии вилояти Новосибирск) мунташиршудааст.

Губернатори вилояти Новособирск Владимир Городетский. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Губенатори Новосибирск ба муҳоҷирон дар мактаб кор карданро манъ кард

Агар ин қонун тасвиб шавад, шуруъ аз соли 2018 шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳаққи омода кардану ва фурӯхтани хӯрок дар фурӯшгоҳҳо, марказҳои тиҷорат ва дуконҳои сайёр маҳрум мешавад.

Ҳукумати Новосибирск бо иқдомоти муҳоҷирситезонааш маъруф аст. Чунончи, соли 2016 дар ин минтақа муҳоҷиронро аз ҳаққи омӯзгорӣ, ронандагӣ, муррабигарӣ дар кӯдакистонҳо маҳрум карда буданд.

Намояндаи раисҷумҳур дар Утоқи бозаргониву саноеъи Русия Максим Фатеев гуфтааст, чунин маҳдудиятҳо барои таъмин кардани аҳолии маҳаллӣ аз кор ҷорӣ карда мешаванд.

Ин маҳдудиятҳо дар кулл камобеш 3 ҳазор кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Украина, Молдова ва Озарбойҷонро бекор хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала