Рустам Эмомалӣ дар бораи раисҷумҳур ҳамоиш баргузор мекунад

© Сайт мэрии города ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали в детском парке
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали в детском парке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Шаҳрдори Душанбе барои баргузории ҳамоиш дар мавзӯъи "Эмомалӣ Раҳмон – Президенти сулҳофар ва асосгузори давлати миллии тоҷикон" қарор баровардааст

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳрдорӣ, ҳамоиши илмӣ-назарӣ дар мавзуъи "Эмомалӣ Раҳмон – Президенти сулҳофар ва асосгузори давлати миллии тоҷикон" 16 ноябр баргузор мешавад.

Бино бар қарори шаҳрдор муовини раиси шаҳри Душанбе Муинӣ, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои масъули шаҳрӣ ва кишварӣ муваззаф шудаанд, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани ҳамоиш чора андешанд.

"Раҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳое, ки ҳамчун ташаббуси шаҳрвандӣ тариқи эҳсонкорӣ ба суратҳисоби махсус ворид гардидаанд, маблағи 3790 (се ҳазору ҳафтсаду навад) сомонӣ тибқи харҷномаи замимагардида ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд", — омадааст дар қарори шаҳрдорӣ.

Бахши муҳосибот бошад бояд пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқаррагардида таъмин намояд.

Лентаи хабарҳо
0