Иқдомҳои Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ барои ҷалби гардишгарон ба Тоҷикистон

© Пресс-служба президента РТРахмон и Рустам Эмомали дали старт строительство туристических здание
Рахмон и Рустам Эмомали дали старт строительство туристических здание - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистонт бо тарҳи иншоотҳои бунёдшаванда шинос шуд

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонии пойтахт ва Варзоб бо лоиҳаҳои бунёди Терминали муосири нақлиётӣ, азнавсозии "Кӯли Варзоб", сохтмони Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии "Дуои Модар" ва корҳои созандагӣ дар мавзеи "Сафед-дара" шинос шуда, барои оғози лоиҳаҳо асос гузоштанд. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Нахуст дар маҳалли сохтмони терминали нақлиётӣ, ки идомаи бунёди терминалҳои муосири нақлиёти мусофиркашу боркашонӣ мебошад, Сарвари давлат бо мавзеи бунёд ва тарҳи лоиҳаи он шинос шуданд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и министр иностранных дел Ирана Мохаммад Джавад Зариф - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммадҷавод Зариф равобити Тоҷикистону Эронро баррасӣ кард

Иттилоъ дода шуд, ки терминали нақлиётӣ дар қисми шимолии шаҳри Душанбе дар масоҳати умумии 5,80 гектар ба нақша гирифта шуда, дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар самти Ғарбии шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ", назди соҳили дарёи Варзоб ва чорроҳаи Чорбоғ бунёд хоҳад гашт.

Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он 60 нафар сокинони шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Дар ин терминал анборҳои нигоҳдории молу маҳсулот, таваққуфгоҳҳо барои воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофиркаш, меҳмонхона, маркази логистикӣ, нуқтаҳои савдо ва дигар марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла, маркази таъмири воситаҳои нақлиёт ва дигар инфрасохтори зарурӣ бо тамоми шароити зарурӣ барои ронандагону мусофирон ва меҳмонон аз дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фароҳам оварда мешаванд.

Ҳадаф аз бунёди терминал дар қисми шимолии шаҳри Душанбе ба як низоми муайян даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофиркаш, ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт, халалдор нагаштани будубоши сокинони маҳалҳои гирду атроф ва меҳмонон, инчунин таъмини амнияти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаҳои азнавсозии "Кӯли Варзоб" ва бунёди корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ низ шинос шуданд.

Бо мақсади ободу зебо намудани кӯчаву хиёбонҳо, гулгаштҳо, иншооти истироҳатию фароғатӣ ва дигар марказҳои фарҳангӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо соҳибкорони ватанӣ тасмим гирифтанд, "Кули Варзоб", воқеъ дар шафати шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ"-ро дар назди соҳили дарёи Варзоб азнавсозӣ намоянд.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали в детском парке - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ дар бораи раисҷумҳур ҳамоиш баргузор мекунад

Мақсад аз бунёди коргоҳи саноатӣ — рушди соҳаи саноат, раванди саноатикунонии мамлакат, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти сохтмонию саноатии ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корию беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Дар коргоҳ намудҳои гуногуни маҳсулоти сохтмонию саноатӣ, аз қабили газоблок, асфалт, бетон ва хишт истеҳсол карда мешаванд. Иқтидори солонаи коргоҳи истеҳсоли газоблок 30 миллион адад хишт мебошад.

Бунёди чунин истироҳатгоҳ ва ташкили инфрасохтори замонавӣ дар он ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар роҳи рушди соҳаи туризм ва ҷалби шумораи бештари сайёҳон ба мамлакат такони ҷиддӣ бахшида, ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва таъсиси 50 ҷойи нави корӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҳудуди замини ин Истироҳатгоҳ, ки дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари ҷумҳуриамон — ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, қабл аз ба тавозуни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сафед-дара" гузаштан дар ҳолати харобу валангор қарор дошт. Соҳили дарёи Варзоб, ки дар шафати ин истироҳатгоҳ мебошад, дар вазъияти хатарнок ва садамавӣ қарор дошт ва аз лиҳози бехатарӣ ба талабот ҷавобгӯ набуд.

Дар Маҷмааи лижаронию сайёҳии "Сафед-дара"  Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни идомаи корҳои созандагӣ шинос шуд.

Оянда тибқи нақша илова ба иншооти мавҷуда роҳбарияти Маҷмааи лижаронии "Сафед-дара" ба нақша гирифтааст, ки дар ин мавзеъ аттраксион барои бозиҳои арғамчинӣ, коттеҷҳои дуошёнаи истиқоматӣ, аспхона ва боғи ҳайвонот бо паррандаву ҳайвонҳои нодири хонагию ваҳшӣ, аз қабили уштур, хирс, бузи кӯҳӣ, қутос, навъҳои гуногуни сагҳо, рӯбоҳ, шағол, паланг, шер, кенгуру, маймунҳои мухталиф, шутурмурғ ва ғайра сохта ба истифода диҳад.

Президенти Тоҷикистон ҳамроҳи ҳамсараш дар Сафед-Дара - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамсараш таҷҳизоти замонавии “Сафед-Дара”-ро санҷид

Супориш дода шуд, ки бо сохтмони 5 километр роҳ хати лижаронӣ то ба баландии 3100 метр аз сатҳи баҳр бароварда шуда, имсол ба масофаи 12 километр ва солҳои оянда то ба 20 километр дарозу васеъ карда шавад, то ин ки дар ин ҷо имкони баргузории чорабиниҳои варзишии зимистонаи сатҳи байналмилалӣ муҳайё гардад.
Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сафед-дара" дастур доданд, ки ба хотири ба як мавзеи зебову дилкаш табдил додани маҷмаа дар ҳудуди он гулу буттаҳо ва дарахтони гуногуни ороишию сояафкан шинонанд.

Мавриди зикр аст, ки аз рӯзҳои нахустини ба тавозуни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сафед-дара" гузаштани ин мавзеъ ҳар як ваҷаб замини он самаранок истифода карда мешавад. Пеш аз ҳама роҳҳои ин маҳал пурра таъмир карда шуда, ҳаракати нақлиёт ва рафтуомади мардум дар ҳама фасли сол таъмин гардид. Дар заминҳое, ки барои майдонҳои варзишӣ ва лижаронӣ истифода намешаванд, масъулин дарахтони гуногун шинонда, зироатҳои гуногун кишт мекунанд. Аз ҳама асос, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сафед-дара" бо бунёди иншооти гуногуни истироҳатию фароғатӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтааст, ки барои амалӣ кардани сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар, саҳми арзанда мегузорад.

Лентаи хабарҳо
0