ВУД ҶТ: дар ду рӯз ду шаҳрванд дар роҳҳо ҷонашонро бохтаанд

Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаҳои ҳалокатбори рӯзҳои ахир хабар дод

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. ВУД Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки дар ду рӯзи гузашта дар роҳҳои кишвар дар паи сонеҳаҳои нақлиётӣ ду шаҳрванд ҷонашонро аз даст додаанд.

Бино бар иттилоъи вазорат, 7-уми ноябр, тахминан соати 19:30 дақиқа, Миралӣ Боев ном сокини 31-солаи шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат аз Ваҳдат ба Ромит дар ҳудуди деҳаи Тангаӣ фармони худрави "Опел Астра"-ро аз даст дода ва Забиров ном сокини 52-солаи шаҳри Ваҳдатро пахш кардааст.

Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин, 8-уми ноябри соли равон, тахминан соати 08:10 дақиқа, Оқилшоҳ Давлатқадамов ном сокини 35-солаи ноҳияи Роштқалъа ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистон фармони худрави "МАЗ"-ро аз даст дода ва онро вожгун карда аст.

Дар натиҷа ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0