Тоҷикистону Чин протоколи марзиро имзо карданд

Дар шаҳри Пекин масъалаи марзи Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУХ ҶТ, ин масъала дар нишасти Кумисюни муштараки масоили марзии Тоҷикистону Чин баррасӣ шудааст.

Аз 7 то 10 ноябри соли 2017 дар пойтахти Чин шаҳри Пекин ҷаласаи дувуми Кумисюни муштараки Тоҷикистону Чин дар масоили марзи давлатӣ баргузор шуд.

Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти Тоҷикистон дар Чин - Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Тоҷикистон ҷуробу атласро фурӯхта маблағро ба Чин тақдим кард

Ин ҷаласа ба раёсати роҳбари бахши тоҷикистонии Кумисюни муштарак, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон Муҳаммадшариф Ҳақдод ва роҳбари бахши чинии Кумисюни муштарак, намояндаи Вазорати умури хориҷии Чин дар масоили марзӣ ва дарёӣ Чжоу Чзян баргузор гардид.

Тарафҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар чорчӯби иҷрои Созишнома миёни Тоҷикистон ва Чин дар мавриди низоми марзи давлатии Тоҷикистону Чин аз 5 июни соли 2012-ро баррасӣ карданд.

Манбаъ меафзояд, ки аз натиҷаи ҷаласаи Кумисюни муштарак протокол ба имзо расид.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала