Нашри рӯйхати ронандагони ҷаримагурез дар ВКД

© Sputnik / Амир ИсаевДорога в Душанбе. Архивное фото
Дорога в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз карда ва маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ин ниҳод, ин рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.

Аз ҳама бештар як сокини сокини шаҳри Душанбе, Умедҷон Сафаров бо худрави "Опел-астра" қоидаҳои ҳаракатро нақз кардааст. Бино ба иттилоъи ВКД, ин ронанда дар 96 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.

"Чанган"-и мутаалиқ ба сокини ноҳияи Рӯдакӣ Аҳмадулло Давлатов 88 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нақз кардааст. Дар ин рӯйхат дар мақоми сеюм аз рӯи нақзи қоида ронандаи худрави "Чанху" Раҷаббек Фозилов сокини шаҳри Душанбе ҳам номбар шудааст. Ӯ 57 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.

Дар миёни ронандагони ҷаримагурез ҳеч ронандаи зане номбар нашудааст. Дар умум Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати 20 ронандаи ҷаримагурезро нашр кардааст.

Лентаи хабарҳо
0