Эмомалӣ Раҳмон рӯзи истироҳаташро дар "Боғи миллии Тоҷикистон " гузаронид

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ дар "Боғи миллии Тоҷикистон"
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ дар Боғи миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе рӯзи якшанбе аз "Боғи миллии Тоҷикистон" боздид карданд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ бо нашъунамои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан дар "Боғи миллии Тоҷикистон", воқеъ дар қисми ғарбии пойтахт шинос шуданд.

Муассисаи давлатии "Боғи миллии Тоҷикистон" соли 2006 — ум дар заминаи собиқ Боғи ботаникии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ки соли 1937 таъсис ёфта буд, ташкил карда шуд.

Рахмон и Рустам Эмомали дали старт строительство туристических здание - Sputnik Тоҷикистон
Иқдомҳои Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ барои ҷалби гардишгарон ба Тоҷикистон

Масоҳати умумии заминҳои боғ наздики 92 гектарро ташкил медиҳад. Дар майдони 63 гектар боғи мевадиҳандаи дарахтони себ, ангур, бодом, анҷир, нок, гелос, олу, шафтолу, хурмо, себи биҳӣ, чормағз, зардолу ва писта мавҷуд аст, ки нашъунамои хуб дорад. Аз дарахтони мевадиҳанда ҳосили аксари онҳо ба хориҷи кишвар содирот мегардад.

Дар масоҳати 9,48 гектар ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ парвариш карда мешавад.

Дар Боғи миллӣ кормандон аз тухм ниҳолҳои дарахтони гуногунро парвариш кардаанд, аз ҷумла сосна, маржевика, кипариси аризонӣ, туя, сафора, липа, каштан, магнолияи ҳамешасабз, магнолияи баргпарто, инчунин гулҳо, аз қабили гули садбарг, соквойа, зирк, легустра, брисклет, фарзетсия, туяи тиллоранг ва шамшод.

Дар муассисаи мазкур ҳамчунин ба хотири таъмини дигар хоҷагиҳои боғпарварӣ парвариши қаламчаи дарахтон ва гулу буттаҳои ороишӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳудуди 3,80 гектар замини корам ғалла ва картошка кишт карда мешавад. Дар майдони 0,5 гектар замин бошад, гармхонаҳои парвариши лиму сохта шудааст.

Ба гузориши манбаъ, муассисаи давлатии "Боғи миллии Тоҷикистон" беш аз 100 нафар ба таври доимӣ фаъолият мекунанд ва дар вақти ҷамъоварии ҳосили дарахтони боғ инчунин даҳҳо нафар коргарони мавсимӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.

Ҳамаи ниҳолҳои ороишию сояафкан ва гулу буттаҳои нодири ороишӣ ва хушбуйи дар Боғи миллӣ парваришшуда барои зебо кардани боғҳои пойтахт ва ташкили боғҳои нав дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе нигаронида шудааст.

Аз ин ру зимни шиносоӣ бо нашъунамои дарахтони боғи мазкур раисҷумҳур ва Рустам Эмомалӣ ба роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт тавсия доданд, ки ба хотири ба шаҳри гулҳо табдил додани пойтахти кишвар ба таври васеъ аз дарахтони дар ин боғ парваришшуда истифода баранд.

Ҳамин тавр дастур дода шуд, ки аз ин ҷо барои боз ҳам зебою дилнишин кардани Боғи Қасри миллат, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Боғи Дӯстӣ, Боғи Рӯдакӣ, Боғҳои Парчам ва Нишони давлатӣ, Боғи Ирам, Боғи Наврӯзгоҳ ва дигар боғҳои пойтахт дарахтони ороишӣ бурда шинонанд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в парке культуры и отдыха имени Садриддина Айни после реконструкции - Sputnik Тоҷикистон
Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон: дар Масчо Қасри фарҳанг месозанд

Дастурҳои дигар ба роҳбарияти Боғи миллӣ барои васеъ кардани майдони боғ ва ба як макони дилрабои сайру саёҳат мубаддал гардонидани он дода шуд. Таъкид карда шуд, ки барои ба як боғи муҳташам табдил додан аз ҳозир ниҳолҳои гуногун ва гулу буттаҳои зиёд парвариш карда шавад.

Боғҳои калонтарини ҷумҳурӣ, ки бо иштироку иқдоми бевоситаи Пешвои миллат ва бо саҳми ҳазорҳо нафар меҳнаткашони мамлакат бунёд шудаанд;-

"Боғи миллии Тоҷикистон" соли таъсисёбиаш 2006 — ум, "Боғи 15 — солагии Истиқлолият" соли таъсисёбӣ 18 феврали соли 2006 дар шаҳри Ҳисор", "Боғи Ваҳдати миллӣ" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 20 марти соли 2008, "Боғи Истиқлол" дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд 26 марти соли 2011, "Боғи 3000 — солагии Ҳисор" 1 марти соли 2014, "Боғи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ" дар Хоҷагии фермерии "Асадулло" — и ноҳияи Хуросон 23 феврали соли 2016, "Боғи 25 — солагии Истиқлолият" дар шаҳри Ҳисор 25 феврали соли 2016 ва боз даҳҳо адад боғҳои интенсивӣ, ки меъморашон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0