Мудири нави МОИ "Ишкошим" бо раиси ВМКБ дидор кард

© Фото : Пресс служба ГБАОПрезентация нового председателя СЭЗ
Презентация нового председателя СЭЗ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини вазири рушди иқтисоду бозаргонии ҶТ мудири нави Минтақаи озоди иқтисодии "Ишкошим"-ро ба раёсати вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон муаррифӣ кард

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед имрӯз бо муовини вазири рушди иқтисоду бозаргонии ҶТ Тоҷиддин Ҷӯразода ва мудири нави МОИ «Ишкошим» Сураҷ Тоҳирҷонзода дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба иттилоъи сухангӯи раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева, дар ин дидор Тоҷиддин Ҷӯразода Сураҷ Тоҳирҷонзодаро, ки 13 ноябр бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба симати мудири МОИ "Ишкошим" мансуб шуда буд, ба раҳбарии ВМКБ муаррифӣ намуд.

Муовини вазири рушди иқтисоду бозаргонӣ таъкид карда, ки Сураҷ Тоҳирҷонзодаро раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун коршиносии ҷавону ояндадор, ки метавонад дар рушди кишвар саҳми арзанда гузорад, ба ин симат таъйин кардааст.

Вай ёдоварӣ карда, ки МОИ "Ишкошим" бо ҳадафи ояндабинӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кӯҳистон буёнд шуда ва пешрафти он яке аз самтҳои бартари иқтисодӣ кишвар дониста шудааст.

Заседание правительства Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед аз он хушнудӣ карда, ки дар баробари дигар вилоятҳо дар Кӯҳистони Бадахшон низ минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд шуда, ки "гувоҳ бар аз таваҷҷуҳи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба рушди минтақаҳои дурдасти кишвар аст".

Вай таъкид кард, ки ҳукумати ВМКБ дар ҳамкорӣ бо мудирияти МОИ "Ишкошим" ҳама кӯшишу талошашонро хоҳанд кард то ин минтақа пойгоҳу заминае барои рушди ҳама риштаҳои иқтисоди вилоят шавад.

Лентаи хабарҳо
0